БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРҒИБИ ПАЁМ МИЁНИ АҲОЛӢ

КӮЛОБ. Ҷиҳати шарҳу тавзеҳи  нуктаҳои Паёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо сокинони маҳаллаҳои Чармгарон, Суғдиён, Бозорӣ ва И. Сомонии шаҳр вохӯрӣ баргузор карда шуд.

Дар вохӯрии мазкур раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати шаҳри Кӯлоб Амиров Давлат, мудири шуъбаи таблиғоти КИ ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб Абдураҳмон Ҳасанов, Сабурова Хосият, Салимов Нурулло, Абдураҳмонов Бозор иштирок ва суханронӣ намуданд.

Дар ҷараёни вохӯрӣ аз ҷониби ҳозирин вобаста ба Паёми Сарвари давлат суханронӣ гардида, қайд карда шуд, ки Паёми Пешвои миллат дастурамалест дар роҳи анҷом додани корҳои неку созанда.

Дар фарҷом аз тарафи сокинон ба баромадкунандагон саволҳо пешниҳод шуда, посухҳои мушаххас гирифтанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg