БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Январ 2021

ТОҶИКИСТОН ХОНАИ УМЕДИ МОСТ!

ЁВОН. Азимзода Толибхон Ситамурод вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи якмандатаи “Ёвон-29” зимни суханронӣ дар назди  фаъолони Ҷамоати деҳоти ба номи Гулсара Юсуфова иброз намуд, ки соли 2021 барои мардуми сарбаланду бошарафи тоҷик соли тақдирсоз ва басо гуворо аст, зеро ки имсол мо ҷашни бошукӯҳу таърихии 30- солагии Истиқлолияти давлатиро ҷашн мегирем.

САРФАКОРОНА ИСТИФОДА БУРДАНИ БАРҚ МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ДӮСТӢ. Сокинони деҳаҳои Зарнисор, Ваҳдат ва ба номи Абулқосим Лоҳутии Ҷамоати деҳоти Ҷиликӯл вохӯрии судманд ҷиҳати баррасии самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, аз ҷумла  сарфакорона истифода намудани  неруи  барқ, пардохти саривақтии маблағи он, самаранок ва омодагӣ барои кишти заминҳои наздиҳавлигию фермерӣ, ободонии деҳа баргузор гардид.

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ФАЪОЛОН

ДАНҒАРА. Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара  дар Донишгоҳи давлатии Данғара  вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон Абдулхолиқзода Лутфия  бо фаъолон ва  интихобкунандагон баргузор гардид.

ҲАМА ЯКҶОЯ БАРОИ ПЕШГИРӢ АЗ ПАҲНШАВИИ БЕМОРИҲОИ СИРОЯТӢ ТАЛОШ МЕНАМОЕМ!

ВОСЕЪ. Бо иштироки масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар ташкилоти ибтидоии “Беморхонаи Сил”-и Ҷамоати деҳоти ба номи Абдӣ Авазов хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

БЕ НИҚОБ НАБОШ!

ВОСЕЪ. Бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизбӣ ва саҳм гузоштан дар пешгирии бемориҳои сироятӣ дар деҳаи Меҳрободи Ҷамоати деҳоти Гулистони ноҳияи Восеъ бо иштироки масъулини ҳизбӣ ва аъзои намояндагии  ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Бе ниқоб набош” гузаронида шуд.

ФАРҲАНГ ҲАСТИИ МИЛЛАТ АСТ!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Мактаби санъат” маҷлиси ҷамъбастии ташкилот дар соли 2020 доир гардид.

МАРКАЗИ ФАРҲАНГИИ ҶАВОНОН ФАЪОЛИЯТИ ХУДРО ДАР СОЛИ 2020 ҶАМЪБАСТ НАМУД

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Маркази фарҳангии ҷавонон” маҷлис ҷамъбастии ташкилотии мазкур доир гардид, ки дар он аъзо ва ҷонибдорони ҲХДТ, намояндаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар иштирок доштанд. Маҷлисро Сафаров Давлатёр директори Маркази фарҳангии ҷавонони шаҳри Бохтар  ҳусни оғоз бахшида, ҳайати корӣ ва рӯзномаи маҷлисро ба ҳозирин муаррифӣ намуд.

ВАКИЛОН БА СУОЛУ ДАРХОСТҲОИ СОКИНОН ПОСУХҲОИ МУШАХХАС ДОДАНД

Н.ХУСРАВ. Вохӯриҳои вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Файзуллозода Зафар ва Холбойзода Неъматулло дар муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №10 бо  интихобкунандагони Ҷамоати деҳоти  Наврӯз баргузор  гардид.

ДАР ИСТИФОДАИ НЕРУИ БАРҚ МО САРФАКОРЕМ

ХОВАЛИНГ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати ба мардум фаҳмонидани зарурат ва аҳамияти истифодаи сарфакоронаи қувваи барқ ва роҳҳои пешгирӣ аз бемории сироятии коронавирус дар деҳаҳои Шехмизон ва Ҷомбахти  Ҷамоати деҳоти Ҷомбахт ба тариқи “хона ба хона” суҳбат доир намуданд.

АЗ COVID - 19 ЭҲТИЁТ БОШЕД!

ФАРХОР. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор дар якҷоягӣӣ бо волонтёрон ва аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  оид ба пешгирии паҳншавии эпидемияи нави коронавируси (COVID – 19) ва самаранок истифодабарии заминҳои наздиҳавлигӣ дар Ҷамоати шаҳраки Фархор дар доираи Аксияи ҳизбии “Солимии миллат боигарии давлат” бо усули “хона ба хона” гардиш доир намуданд.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg