БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВОХӮРИИ ВАКИЛ БО ФАЪОЛОН

ДАНҒАРА. Дар асоси нақшаи тасдиқнамудаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Данғара  дар Донишгоҳи давлатии Данғара  вохӯрии вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷкистон Абдулхолиқзода Лутфия  бо фаъолон ва  интихобкунандагон баргузор гардид.

Ҳамзамон вакили мардумӣ  ба интихобкунандагон оид ба дастовардҳои корӣ, мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, санадҳои меъёрию ҳуқуқие, ки мақоми олии қонунбарори мамлакат қабул кардааст, оқилона ва дуруст  истифода намудани  қувваи барқ, самаранок истифода намудани заминҳои наздиҳавлигӣ, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурӯҳҳои террористиву экстремистӣ, шоиста истиқбол гирифтани ҷашни 30- солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва саҳм гузоштан дар корҳои ободонию созандагӣ  суҳбат карда,  дар баробари андешаҳои таҳлилӣ ва баррасии фаъолияти вакилии худ мавсуф  ба саволу дархостҳои шаҳрвандон  ҷавобҳои қаноатбахш  гуфт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg