БОХТАР. Дирӯз дар муассиси ташкилоти ибтидоӣ дар ҶДММ “Шириниҳои Шарқ”-и шаҳри Бохтар маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар Неъматулло Иброҳимзода доир гардид.
ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии “МТМУ №44”-и деҳаи Обшорони Ҷамоати деҳоти Обшорони ноҳияи Шаҳритуз бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроия оид ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ хониши сиёсӣ доир гардид.
ТЕМУРМАЛИК. Дар деҳаи Ситораи Тобони Ҷамоати деҳоти Танобчӣ бо усули “хона ба хона” намояндагони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ҷиҳати пешгирии бемории сироятии коронавирус бо сокинон вохӯриҳо баргузор намуданд.
ТЕМУРМАЛИК. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Темурмалик ба муносибати Рӯзи байналмилалии волонтёрон маҷлиси тантанавиро миёни аъзои маҳфили “Волонтёрони ҳизбӣ” доир намуд.
НОРАК. Шинонидани ниҳолу гулҳои ороишӣ ва ба ин васила сарсабзу зебо намудани гӯшаҳои мухталифи Ватани маҳбуб аз ҷумлаи иқдому ташаббусҳои созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошад.
НОРАК. Кормандони Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Норак дар ташкилоти ибтидоии хизбии “Баҳористон” муқоисакунии аъзои ҳизбро оид ба таҳкими низоми ҳаракати аъзои ҳизб гузарониданд.
ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён дирӯз миёни волонтёрони ҳизбӣ –аъзои намояндагии ТҶҶ “ Созандагони Ватан” - и назди Кумитаи иҷроия бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ва Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ вохӯрӣ доир намуд.
ҚУБОДИЁН. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Қубодиён бо мақсади тарғиби ҳадафҳои созандаи ҳизб, самтҳои афзалиятноки фаъолияти он дар ташкилоти ибтидоии “Зиракӣ” вохӯрӣ доир намуд.
ДӮСТӢ. Бахшида ба Рӯзи байналмилалии волонтёрон ва 26-солагии таъсисиёбии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Дӯстӣ мусобиқаи варзишии намуди футболро миёни волонтёрони назди Кумитаи иҷроия ташкил намуда, волонтёрон дар ин бозии шавқовари варзишӣ фаъолона иштирок карданд.
ВОСЕЪ. Бахшида ба Рӯзи таъсисёбии ҲХДТ ва пешгирии бемории сироятии каронавирус кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ дар якҷоягӣ бо аъзои намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан” Аксияи ҳизбӣ таҳти унвони “Ҳизби мо Ҳизби наву созандааст, такягоҳи давлати поянда аст” миёни сокинон бо усули “роҳ ба роҳ” гузарониданд.
АХБОРИ ҲХДТ
НОВОСТИ НДПТ
NEWS PDPT
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон
Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон
АМИТ Ховар
МИҲД вилояти Хатлон
вилояти Хатлон
735140 шаҳри Бохтар
кӯчаи. Айни №47
Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон
Email: hkhdt_khatlon@mail.ru
Tel: (83222) 2-82-92 Fax: (83222) 2-12-12