БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАШКИЛОТИ ИБТИДОИИ “ШИРИНИҲОИ ШАРҚ” ТАЪСИС ЁФТ

БОХТАР.  Дирӯз дар  муассиси ташкилоти ибтидоӣ дар ҶДММ “Шириниҳои Шарқ”-и  шаҳри Бохтар маҷлиси ҳизбӣ бо иштироки  раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар  шаҳри Бохтар  Неъматулло Иброҳимзода доир гардид.

Дар кори маҷлис Иброҳимзода Неъматулло, аъзои ҲХДТ ва кормандони корхонаи мазкурро  бо  рӯзномаи маҷлис  шинос карда, аз масъалаҳои таъсиси ташкилоти ибтидоӣ, интихоби раис ва шахси масъули он, номгузории ташкилоти ибтидлоӣ ва қабули  аъзо ба сафи ҲХДТ ёдовар шуд.

Аз рӯйи масъалаҳои  рӯзномаи маҷлис Тоибов Абдусаттор, Кабутова З., Кулулов С.,  Ҳайитов Б.  ва дигарон ба сухан баромада, доир ба масъалаҳои муҳокимашаванда  ибрози ақида карданд.

Аз рӯйи масъалаҳои муҳокимагардида, қарорҳои дахлдор қабул шуда, директори ҶДММ “Шириниҳои Шарқ” Тоибов Абдусаттор, корманди корхонаи мазкур М.Имомова шахси масъули ташкилоти ибтидоӣ  интихоб гардиданд. Бо пешниҳоди аъзои ҳизб ташкилоти ибтидоӣ  “Шириниҳои Шарқ” номгузорӣ карда шуд.

Дар идома Иброҳимзода Неъматулло доир ба мавқеи имрӯзаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикисон, фаъолияти Кумитаи иҷроия  ва дигар масъалаҳои муҳими ҷомеа андешаронӣ карда, иброз дошт, ки аз таъсис ёфтани як ташкилоти ибтидоии ҳизбӣ дар шаҳри Бохтар руҳбаланд гардида, онро ҳамчун дастгирии соҳибкорони шаҳр аз сиёсати пешгирифтаи Ҳукумат ва давлати Тоҷикистон, ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои барномавии ҲХДТ унвон мекунем. Зеро Раиси муаззами ҲХДТ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳатарм Эмомалӣ Раҳмон ба рушду нумуи соҳибкории хурду миёна  таваҷҷуҳи хоса  доранд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg