БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Октябр 2018

Ҳифзи арзишҳои миллӣ аз вазифаҳои муҳимми мост!

Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи ба номи Ҷалолиддини Балхии ҷамоати шаҳраки Балх вохӯрӣ гузарониданд.

Наҳзатиён ба ягон муқаддасот эмон надоранд

ВОКУНИШ. Чанд гуруҳаки ношиноси аз решаи нопоки наҳзатиҳо сарчашмагирифта акнун ба қавле эътилофу паймон карданд. Эътилофе, ки ҳатто хоҷагони хориҷиашон шарм доштанд онро ҷиддӣ бигиранд ва расман этироф кунанд.

Фаровонии дастурхони мо аз баракати оромии кишвар аст!

Ш.ШОҲИН. Вохӯрии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин дар ташкилоти ибтидоии «Идораи кишоварзӣ» вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ доир  гардид.

Волидайн медонанд, ки хизмати Ватан-Модар барои ҷавонон муқаддас аст!

ШАҲРИТУЗ. Бо мақсади амалигардонии ҷадвали вохӯриву мулоқотҳо дар ташкилоту муассисаҳо ва деҳаву маҳаллаҳо ин  навбат дар ташкилоти ибтидоии «Сипарони  Ватан»-и ноҳия хониши сиёсӣ дар мавзӯъи баланд бардоштани маърифат ва масъулияти шаҳрвандон бо мақсади пешгирӣ аз паҳншавии бемориҳои сироятӣ, пешгирии  воридшавии шаҳрвандон ба ташкилотҳои  экстремистию террористӣ   баргузор гардид.

Истифодаи дурусти фазои иттилоотӣ бо мақсади пешгирӣ аз хатарҳои гурӯҳҳои ифротӣ

Н.ХУСРАВ. Мутобиқи    ҷадвали  тасдиқгардидаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Носири Хусрав дар  маҳаллаи  Арабхона 1-и   ҷамоати  деҳоти  Истиқлол  бо сокинон вохӯрӣ баргузор гардид. 

Озмунҳои ҳизбӣ ҳунармандони беҳтаринро интизор аст

ХУРОСОН. Дар доираи ҷадвали баргузории вохӯриву мулоқот дар корхона, муассиса, ташкилот ва деҳаю маҳаллаҳои ноҳияи Хуросон бо иштироки муовини раис-мудири шуъбаи ташкилӣ ва баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Хуросон Азизи Сабоҳат Тағойалӣ атрофи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, чорабиниҳои фарҳангӣ бахшида ба Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ  баргузор гардид.

Бар зидди омилҳои номатлуби ҷомеа – аз ТЭТ ҲНИТ то ВИЧ/СПИД муборизаи беамон мебарем!

ХОВАЛИНГ. Дар деҳаи Доробии ҷамоати деҳоти Ҷомбахт бо иштироки корманди Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Сайҷалол Сатторов ва узви гуруҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳия аз ҳавзаи интихоботии №12 Ҷангихон Одинаевро бо сокинон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, хатари терроризм, ки рӯз то рӯз дар ҷаҳон доман паҳн намуда, аҳли башарро ба таҳлука андохтааст, суҳбату вохӯрӣ баргузор гардид.

Ҳунармандони беҳтарин бо Сипосномаи ҳизбӣ қадрдонӣ карда шуданд

ҲАМАДОНӢ. Баҳри иҷрои нақша- чорабиниҳо барои нимсолаи дуюми соли 2018 дар деҳаи Кодара-1-и  ҷамоати деҳоти Панҷруд бо иштироки раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода чорабинии фарҳангӣ- сиёсӣ баргузор гардид.

Раҳоӣ аз бунбасти коммуникатсионӣ яке аз ҳадафҳои асосии давлату Ҳукумати Тоҷикистон аст

ФАРХОР. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  дар Литсейи  касбӣ-техникии ноҳия баргузор гардид.

Ҷомеаро аз хатарҳои терроризму эктремизм ҳифз менамоем

ПАНҶ. Дар доираи нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ бо иштироки масъулони Кумитаи иҷроия бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб дар ташкилоти ибтидоии деҳоти ба номи Кабут Сайфутдинов таҳти унвони “Пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ ва мубориза бар зидди хурофотпарастиву ифротгароӣ” вохӯрӣ доир гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg