Ҷ.БАЛХӢ. Кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар маҳаллаи ба номи Ҷалолиддини Балхии ҷамоати шаҳраки Балх вохӯрӣ гузарониданд.
Зимнан Содиқова Меҳрубон дар бораи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ, Соли тақвияти робита бо маҳал, Соли рушди сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ, Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, солҳои 2018-2028» ва дар бораи фаъол гардонидани аҳолӣ дар самти пешгирӣ аз бегонапарастию майл ба фарҳанги бегона бо мақсади ҳифзи ҳуввияту асолати миллӣ бо ҷамъомадагон суҳбат намуд.
Инчунин, мавсуф дар идома дар бораи иҷроиши Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» сухан гуфта, иштирокдоронро барои риояи талаботи қонунҳои номбурда ва ҳадафҳои созандаи ҲХДТ даъват кард.
Дар охир масъулин аз намоишгоҳи ҳунарҳои мардумӣ, ки ҳунармандон ҳунари дастии хешро ба намоиш гузошта буданд, назар карда, барои ташкили чунин чорабинии фарҳангӣ изҳори минатдорӣ баён намуданд.