БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

Август 2018

Сокинон аз ҳиллаву найрангҳои ТЭТ ҲНИ бештар огоҳӣ пайдо карданд

ВОСЕЪ. Дар деҳаи Бӯстони ҷамоати деҳоти ба номи Миралӣ Маҳмадалиеви ноҳияи Восеъ мутобиқ ба ҷадвали тасдиқшудаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Восеъ  намоиши ҳунарҳои мардумӣ баргузор гардид.

Дӯзандагӣ манбаи даромад ва ҷойи кор барои занон!

БОХТАР. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Ресанда»-и шаҳри Бохтар тибқи ҷадвали баргузории хониши сиёсӣ вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид, ки дар он намояндагони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Бохтар, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроия Ализода Одил ва мудири шуъбаи кор бо занон Ҳакимова Волида иштирок ва андешаронӣ намуданд.

Халқи тоҷик ба қотилони сайёҳон нафрат доранд!

Ҷ.БАЛХӢ. Бо мақсади аз байн бурдани таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ бо ҳадафи солим нигоҳ доштани маънавиёти ҷомеа дар маҳаллаи Камунари ҷамоати деҳоти Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ вохӯрии судманд баргузор гардид.

Дар доираи аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» Ватанамонро обод месозем

А.ҶОМӢ. Бо мақсади сазовор истиқбол гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар доираи баргузории нақша-чорабиниҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ оид ба баргузории корҳои  ободониву созандагӣ дар маҳал ва дар партави  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» дар деҳаи Правдаи ҷамоати деҳоти Иттифоқи ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ ҳашари умумӣ бо ҷалби аъзо ва ҷониборони ҲХДТ, аъзои  н

Мо амалҳои нангини ТЭТ ҲНИ-ро маҳкум менамоем!

ШАҲРИТУЗ. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Нозироти андоз» дар мавзӯъи фаъол гардонидани шаҳрвандон ва ҷалби бештари онҳо ба соҳибкорӣ, хоҷагидорию кишоварзӣ ва корҳои хонагию ҳунарҳои мардумӣ ба хотири паст кардани шиддати бекорӣ ва фаро гирифтани сокинон бо шуғл бо иштироки  мутахассиси шуъбаи баҳисобгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ЊХДТ дар ноњияи Шањритуз Ҳикматова Хайринисо баргузор гарди

Матбаа дар ростои ҷангҳои иттилоотӣ бояд бештар фаъол гардад

ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроия ва ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъпайваста дар ташкилоти ибтидоии «Матбаа» чорабинии таблиғотии  ҳизбӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидов Фарҳод баргузор карда шуд.

Дар роҳи мубориза ба терроризм ҳамеша омода бошем!

ХОВАЛИНГ. Тибқи ҷадвали баргузории хонишҳои сиёсӣ дар ташкилоту муассиса ва деҳаю маҳаллаҳо бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг  дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии  Литсейи касбӣ-техникии ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.

Амали ноҷавонмардонаи наҳзатиёни ифротӣ аз ҷониби сокинони маҳал маҳкум карда шуданд

КУШОНИЁН. Анҷоми корҳои фаҳмондадиҳӣ бо иштироки кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ ва раиси ҷамоати Навбаҳор бо сокинони деҳаи Айнӣ ҷамоати Навбаҳори ноҳияи Кушониён перомуни амали нангину сангини аъзоёну размандагони ТЭТ ҲНИ дар ноҳияи Данғара, ки ҷавонони гулу гумроҳ ба ҷони худу ояндаи худ ва обруву нуфузи миллат раҳм накард

Кирдори ваҳшиёнаи террористонро маҳкум месозем!

КӮЛОБ. Вобаста ба самтҳои афзалиятноки фаъоли ҲХДТ ва ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон рухдода дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Лоиҳакаш” бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқот доир карда шуд.

Ҳамлаи ваҳшиёнаи қотилони сайёҳон фармоиши ТЭТ ҲНИ буд!

Ҷ.БАЛХӢ. Вохӯрии навбатии кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии «Раёсати кишоварзӣ» оид ба тарғиби  Аксияи тарғиботӣ-амалии ҳизбӣ таҳти унвони «Якҷоя ҳал мекунем!» ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор гардид.

Pages

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg