
ҶАЙҲУН. Бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун ҷиҳати таъмини иҷрои нақша-чорабинии Кумитаи иҷроия ва ҳодисаи нангини дар ноҳияи Данғара ба вуқӯъпайваста дар ташкилоти ибтидоии «Матбаа» чорабинии таблиғотии ҳизбӣ бо иштироки мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Обидов Фарҳод баргузор карда шуд.
Зимни баргузории вохӯрӣ Фарҳод Обидов иброз намуд, ки солҳои охир зидди Тоҷикистон ҷанги иттилоотӣ вусъат гирифтааст ва дар ин росто матбаа бояд бештар фаъол гардад.