БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНРО ДАР РӮҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ТАРБИЯ МЕКУНЕМ!

КӮШОНИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Пайваста  хонишҳои  сиёсӣ дар ташкилоту муассисаҳо ва вохӯриву мулоқот дар деҳаву маҳаллаҳои ноҳияи Кӯшониён доир шуда истодааст.

Вохӯрии навбатии кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ  дар ноҳияи Кӯшониён дар ташкилоти ибтидоии “Ҷавонон ва варзиш”  бо кормандони соҳа доир гашт.

Масъулин суҳбат  оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизб ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонӣ, тарбияи ҷавонон дар руҳияи ватандӯстӣ  ва ҷалби  онҳо ба варзиш, ки аз оворагардию   даст задан ба ҳар гуна ҷиноятҳо  пешгирӣ менамояд,  суханронӣ намуданд.

Сипас, ҷиҳати дастгирии шахсони ниёзманд  Аксияи ҳизбии  “Якҷоя ҳал мекунем!”  баргузор гардида,  ба як  нафар ниёзманди ҷомеа  Каримова Нодира кӯмаки молиявӣ расонида  шуд.

Аз ин иқдоми  инсондӯстона сокинон рӯхбаланд буда, ҷонибдории хешро аз сиёсати ватанпарваронаи  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  баён карданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg