
Имрӯзҳо як гурӯҳ наҳзатиҳои хиёнатпеша, ки дар хуни халқи тоҷик то гуш ғутидаанд, кӯшиш доранд худро ба ҳар роҳу воситае пок нишон дода, тарафе аз сулҳу ваҳдат муаррифӣ кунанд. Албатта раванди сулҳ раванди миллаткушии наҳзатиҳоро боз дошт. Аммо ин маънои онро надорад, ки як умр бори миннати наҳзатро кашем, як умр ба мо миннат кунанд, ки агар мо ба миллаткушӣ хотима намедодем, сулҳ намешуд. Ин ҳам дар ҳолест, ки наҳзатиҳо тарафи сулҳ набуданд. Тарафи сулҳ Иттиҳоди нерӯҳои оппозитсионӣ, буд, ки баъзеашон хатогии худро фаҳмида, пешниҳоди сулҳи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро қабул намуданд. Аз сӯи дигар ҳеҷ роҳи дигар ҳам надоштанд. Зеро аз рӯзҳои аввали роҳбариашон Пешвои миллат тавонистанд дар замири мардуми аз ҷабри наҳзатиён ва кинаву адовати байниҳамдигарӣ ба дод омадаву хасташуда умед ба ояндаи дурахшон ва ваҳдату суботро бедор кунанд. Тавонистанд чашми нафаронеро, ки қисме гумроҳ шуда буданду қисме дигар калаванда, ба сӯ рӯзгори нек боз намоянд. Андешаи ҷомеаи ҷаҳониро низ нисбати Тоҷикистон ба таври мусбӣ тағйир диҳанд. Дигар Бурҳониддин Раббонӣ ва Аҳмадшоҳи Масъуд ҳам бо аввалин дидор бо Пешвои миллати тоҷик Эмомалӣ Раҳмон ҳадафи наҳзатиёни лаънатиро дарк карда, эшонро бо ҳама даскаву дуконашон аз Афғонистон ронданд. Боқӣ, барои наҳзатиёну чанд гурӯҳи оппозитсионӣ фазо танг гардид, онҳо нуфузу обрӯи дар болои хуни мардум сохтаашонро дар ҳама ҷабҳаҳо аз даст доданд ва ноилоҷ иттиҳоди оппозитсия бо давлати сулҳ розӣ шуданд. Гузашта аз ин, Пешвои миллат ҳамчун роҳбари бахшояндаву инсондӯст ба ҳамаи онҳо дар сатҳи роҳбарикунандаи давлатӣ вазифа дод. Аз ин гурӯҳи бо ном 30%-а то ҳанӯз намояндагон дар сатҳҳои роҳбарикунандаи давлатӣ кору фаъолият карда истодаанд, ки бисёриҳо онҳоро мешиносем. Аммо...
Наҳзатиҳо якҷо бо хоҷагонашон Тоҷикистонро ба бозори сиёҳи яроқу маводи мухаддир табдил доданианд
Зи нопокзода мадоред умед,
Ки зангӣ нагардад ба шустан сапед.
Ин суханон албатта, барои нафароне, ки солҳои навадум зери таъсири ақидаҳои носолими гурӯҳҳои дар ҳамон давра “навбаромад” гумроҳ шуда буданду пас аз боварии давлат ислоҳ шуда то ҳанӯз содиқонаву софдилона ба халқу Ватан хизмат карда истодаанд, дахл надорад. Вале дар ин миён пайдо шуданд нафароне, ки ба ин бовариву эътимоди давлат хиёнат намуданд. Аз ин боварӣ сӯистифода карданд. Аз ҷумла, ҳайати роҳбарикунандаи гурӯҳи террористии наҳзат, ки давлат ба онҳо бовар карда, иҷозаи дар шакли як ҳизби расмии сиёсӣ фаъолият карданро дода буд, ба арзишҳои сулҳу ваҳдат хиёнат намуда, бо дигар гурӯҳҳои террористиву экстримистӣ, хусусан “Ихвон-ал-муслимин”, ДИИШ, Ансоруллоҳ ва ғайра, ки ба амнияти миллии Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳдид мекарданд алоқа ва муносибату ҳамкориҳои зич барқарор кард. Магар аз ин дида хиёнати бештар ҳаст?! Магар ин курнамакӣ ба хони миллат нест?! Бубинед, дар доираи ин Назарзода Абдуҳалим, ки узви фаъоли наҳзат буд, аз ҳисоби ҳамин 30%-а ҳамчун намояндаи оппозитсия дар калидитарин бахши мудофиавии кишвар – Вазорати мудофиа ба ҳайси муовини вазир кор мекард, бо супориши Кабириву дигар роҳбарони гурӯҳи террористии наҳзат чи хиёнат кард. Нахуст роҳбарияти олии давлатро хост терор кунаду, табаддулоти давлатӣ ташкил карда, Тоҷикистонро дубора ба хоку хун кашад. Дубора мехостанд Тоҷикистонро ба хоҷагони хориҷиашон таслим кунанд. Хоҷагони хориҷиашон бошад, дар қатори Афғонистон Тоҷикистонро ҳам бо истифода аз нооромиҳои доимии ташкилкардаи наҳзатиёни хоин боз мисли солҳои навадум мехостанд ба як маркази нави тиҷорати яроқ, қочоқи инсон ва маводи мухаддир мубаддал гардонанд. Магар наҳзатиён шарм намедоранд, боз худро тарафи сулҳ эълон мекунанд?! Маълум аст, ки не! Чунки ин наҳзатиҳои лаънатӣ аллакай ғуломи хоҷагонашон гардида, барои миллати тоҷик бегона шудаанд. Ҳарчанд аз номи миллати тоҷик суистифода мекунанд, вале дар асл барои ин манқуртон дигар миллату ватане вуҷуд надорад. Барои онҳо иҷрои дастуру супоришҳои хоҷагони хориҷиашон муҳим аст, то бо ноором кардани Тоҷикистон бозори сиёҳи яроқу маводи мухаддиро кушода, фоидаи ҳангуфт ба даст оранд. Аммо дигар Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол ҳеҷ гоҳ бозичаи дасти ягон кишвари абарқудрат ва миллати тоҷик фирефтаи ваъдаву фитнаҳои гуруҳҳои иртиҷоии аз берун идорашаванда намегардад.
Дар женева чи мегузарад?
Дар шаҳри Женева гузориши Тоҷикистон дар нишасти 126-уми кумитаи ҳуқуқи башари Созмони миллал шунида шуд. Дар ин нишаст аъзои гурӯҳи террористии наҳзати исломро, ки бо намояндагӣ аз номи созмонҳои худсохтаашон мехостанд ворид шаванд, масъулони кумитаи ҳуқуқи башар бо дархости созмонҳои мустақили ҳимоя аз ҳуқуқи инсон дар Тоҷикистон ба толор роҳ надоданд. Ҳарчанд расонаҳои наздик ба гурӯҳи террористии наҳзат ин ва дигар мавзӯъҳои ҳамрангро ба таври провокатсионӣ шарҳ доданд, вале дар маҷмуъ тамоми раванд маънои онро дошт, ки наҳзатиҳои ватанфурӯш дар ҳар либосе зуҳур накунанд, барои ҳамаи қишрҳои ҷомеаи Тоҷикистон бегонаанд.
Раванди саволгузориҳо дар ин нишаст низ баъзан бемантиқ ва ҳатто аҷибу ғариб ҳам буд. Масалан, як узви ин кумита бо номи Фотин Пазартис бар пояи гузоришҳои бепояи баъзан расонаҳо ба ҳайати Тоҷикистон савол медиҳад, ки чаро ҷинояткоре бо номи Зайд Саидов, (ки ба дуздиву қаллобӣ гунаҳкор дониста шудааст) озод намешавад ва далели бегуноҳияшро ҳам чунин мегӯяд, ки “Ӯ худашро бегуноҳ меҳисобад”. Кадом ҷинояткор ҳамин хел гуноҳашро ба гардан гирифта буд, ки Зайд гирад. Ё худ агар ҷинояткоронро танҳо бо далели он ки гуноҳашонро ба гардан намегиранд, озод кардан гирем, ягон ҷинояткор дар ягон маҳбаси дунё боқӣ намемонад. Ба қавле, магар ин намояндаи кумита масту сархуш аст?!
Агар ҳушёр ҳам бошад, танҳо чунин яктарафа ва бемасъулиятона муносибат кардану масъалагузорӣ намудани ӯву ҳамкоронаш боиси обрӯрезии Созмони миллали муттаҳид мегардад.
Аз “эрод”-ҳои дигаре, ки дар робита ба ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон расонаӣ шудаанд, ин аст, ки гӯё дар Тоҷикистон мухолифонро саркуб мекарда бошанд. Ба андешаи ман, ин масъала эрод нест, ин ситоиш аст! Бале, бояд ҳама гуна мухолифони оромиву субот ва пешрафту тарақиёт на танҳо дар Тоҷикистон, балки дар тамоми ҷаҳон саркуб карда шаванд ва ин кори дуруст ва мояи ситоиш ҷиҳати ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандон аст. Агар чунин гурӯҳҳо мухолиф ба амнияту субот бошанд, ҳимоя аз онҳо чи маъно дорад? Баръакс, ин мухолифин бояд ҳатман саркуб карда шаванд, то шаҳрвандон осоишта зиндагӣ намоянд.
Ҳимоя аз ҳуқуқ башар набояд ба абзорӣ ҳимоя аз террористон табдил ёбад
Дар ҳақиқат ҳам муносибати дугона бо терроризму экстремизм ва ба худиву бегона ҷудо кардани террористон пояҳои ҳуқуқи байналмиллалиро дар ҷаҳон заиф сохта, боиси таҳдид ба оромиву амнияти тамоми сокинони сайёра гардидааст. Мисол мехоҳед, марҳамат. Бубинед, дар расонаҳои хабарии чунин кишварҳо нишасти 126-уми кумитаи ҳуқуқи башари СММ бо иштироки ҳайати Тоҷикистон чигуна бозтоб мегардад. Онҳо бешармона мавзӯъро чунин шарҳ медиҳанд, ки гӯиё муҳимтарин масъала дар самти ҳимояи ҳуқуқи башар ин баста шудани гуруҳи террористии наҳзати исломӣ ва дар маҳбас қарор доштани чанд террористи узви ин гурӯҳ аст. Ҳол он ки ин гуруҳи террористӣ дар маҷмуъ ба ҳуқуқу озодӣ ва амнияту оромии 9 миллион нафар сокинони кишвар таҳдид мекарду мекунад. Наход манфиатҳои як гурӯҳи 40-50 нафараи террористиву ифротӣ болотар аз ҳуқуқи 9 миллион нафар сокинони осоишта бошад?! Ба андешаи мо муҳимтарин масъала ва мавзӯи марказӣ дар самти ҳимояи ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ин аз маҳбасҳои кишвари ҷангзадаи Ироқ (ҳамин кишварро ҳам бо баҳонаи ҳуқуқи башар ба харобазор ва ба лонаи террористон табдил додаанд) ба Ватан баргардонидани 84 нафар кӯдакони тоҷик буд, ки то ҳанӯз табибон баҳри ба ҳолати муқаррарӣ овардани вазъи рӯҳиву равонии онҳо заҳмат кашида истодаанд. Зеро ин кӯдакон дар Ироқи “демократикарда”-и ин рафиқон чи даҳшатҳоеро аз сар гузаронидаанду чи ваҳшонияту хунхориҳоеро бо чашми сар дида. Чаро дар ин бора суҳбат намекунанд??? Зери корашон холисона нест ва дар моварои манфиатҳои геополитикӣ на танҳо ин расонаҳо, балки аксари абарқудратони манфиатдор ба ҳуқуқи башар ба қавле “туф” кардаанд. Аз “ҳуқуқи башар” имрӯзҳо танҳо ба сифати абзор барои ҳимоя аз гуруҳҳои мавриди назарашон ва ҳатто террористону экстремистоне дар мисоли гурӯҳи террористии наҳзати исломӣ истифода мебаранд. Инҳо шояд то ҳанӯз шаҳрвандони Тоҷикистонро гумроҳу нодон тасаввур намуда, фикр мекунанд бо чунин рафторашон метавонанд андешаи мардумро ифлос созанд. Аммо ин расонаҳои хабарии виҷдонфурӯшӣ ба қавле “мустақил”-у “байналмилалӣ” дар олами хаёлот ва афсонае, ки наҳзатиёни сафсатагӯ ба гӯшашон хондаанд, дар хоби ғафлат рафта, воқеияти рӯзро дида наметавонанд. Мардуми тоҷик муқобили ҳам ҳеҷ гоҳ дигар ҷабҳа нахоҳад гирифт. Миллати тоҷик имрӯз таҳти сиёсати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамагӣ дар як ҷабҳа муттаҳид гардидаанд – ҷабҳаи бузурги созандагиву бунёдкорӣ. Набояд ҳатто як лаҳза аз хотир барорем, ки мардуми Тоҷикистон ҳам ҷузъи муҳими аҳли башар буда, ҳуқуқи зиндагии орому осударо дорад ва аз ин ҳуқуқаш истифода бурда, ба ҳеҷ гурӯҳу созмоне иҷозат намедиҳад, ки ба амнияту суботаш халал ворид созад. Тоҷикистон ин ҳуқуқро бо нақди ҷони ҳазорҳо фарзандони барумандаш ба даст овардааст ва онро бо нақди ҷон ҳифз мекунад. Агар ин садҳо созмонҳои “ҳимояи ҳуқуқи башар”-и навпайдову дерпайдои дохиливу хориҷӣ, ки аслан аз ин номи зебо қаллобона сӯистифода мекунанд, чун воқеан мехоҳанд аз ҳуқуқҳои мардуми ҷаҳон ҳимоя кунанд, ҷойи анҷоми рисолаташон на дар Тоҷикистони амну осуда, балки дар Афғонистон ва давлатҳои дигарест, ки ҳамин сарпарастони абарқудраташон мардумро фақиру беҳуқуқ кардаанд, амсоли Ироқ, Сурия, Ливия, Миср, Сомалӣ ва ғайра. Маҳз дар ҳамин кишварҳо рафта ҳуқуқи мардуми беҳуқуқкардаашонро ҳимоя кунанд. Миллати тоҷик бошад аллакай зимоми имрӯзу ояндаи худро ба даст гирифта, ниёз ба чунин “ғамхориҳои хирсона” надорад. Намояндагони кишварамон бошанд ҳозиранд ва ҳуқуқи маънавӣ ҳам доранд сарбаландона пушти ҳамаи минбарҳои баланди ҷаҳонӣ ҳозир шуда, бо ифтихор аз ваҳдату субот ва осудагии мардуми шарафманди Тоҷикистони соҳибистиқлол сухан ронанд ва мардуми ҷаҳонро ба ваҳдату якдилӣ ва инсондӯстӣ даъват намоянд.
Поянда бод Тоҷикистони озоду соҳибистиқлол бо халқи хирадманду башардӯсташ!
Орзу ҲАМИДИЁН – раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб, муовини раиси ТҶҶ “Созандагони Ватан”.