БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ- ВАҲДАТИ МАРДУМИ ТОҶИКИСТОН АСТ!

АНДЕША. Ба шарофати ба имзо расидани Созишномаи такдирсоз мо тавонистем, ки ба муноқишаҳои дохилӣ ва муқовимати мусаллаҳона хотима бахшида, ба марҳалаи навини Тоҷикистон - гузоштани пойдевори сулҳ ва таъмини ваҳдати миллӣ оғоз намоем.

Сулҳи тоҷикон боварии даҳҳо ҳазор ҳамватанони бегуноҳ, занону кўдакон, пиронсолону ҷавононро, ки ноилоҷ тарки Ватан карда буданд, ба зиндагӣ эҳё намуд.

Сулҳи ба даст омада, натиҷаи заҳматҳои зиёди сулҳофарини миллати тоҷик ва иродаи қавии роҳбари ҷавони онвақта буд.

Ҳаёт нишон дод, ки истиқрори сулҳу субот ваҳдати милиро ба бор меорад. Ваҳдати миллӣ дастоварди бузург ва таърихии мардуми Тоҷикистон аст.

Бинобар ин моро лозим аст, ки ин неъмати бебаҳо ва муқаддас - ваҳдати миллиро пос нигоҳ дорем, ба қадри он расем ва ҷавонони ватандўсту ватанпарварро тарбия намоем, ки дар оянда ин гавҳари ноёбро ҳифз намоянд.

Зарур ба таъкид аст, ки дар зери мафҳуми «миллат» натанҳо ягонагии этникӣ, балки ваҳдати тамоми сокинони кишвар новобаста аз мансубияти миллию динӣ дар назар дошта шавад.

Ваҳдати миллӣ, ба таври дигар, афзал донистани манфиатҳои миллӣ аз манфиатхои шахсӣ, гурўҳи ва монанди инҳост.  Ба андешаи мо, якчанд омил мавуд аст, ки Вахдати миллиро, ба хусус барои аҳли кишвари мо дучанд муҳим сохтааст.

         Яке аз омилҳо ҳодисаҳои охири чаҳони имрўза мебошад. Бояд зикр намуд, ки заиф будани ваҳдати миллӣ дар як қатор минтақаҳои  давлатҳои араб ба абарқудратҳо имкон дод, ки бо баҳонаи риояи аслҳои демократӣ ба ин мамлакатҳо сар халонанд ва бад ин васила бетартибию бенизомиро дар он минтақа боис гарданд. Бинобар ин, эҷод сохтани чунин шароитро аз тарафи абаркудратҳо дар дигар минтақаи олам набояд истисно намуд. Ба омили хориҷи инчунин муносибати на он қадар дўстонаи баъзе мамлакатхои хамсоя ва бархе шарикони стратегиро, ки дар роҳи пешрафти иқтисодии кишвари мо ҳар гуна монеаҳои сунъи эҷод месозанд, дохил намуд. Дар чунин ҳолатҳо дар атрофи роҳбарияти ҷумҳурӣ зичтар муттаҳид гардидан ва нозукиҳои мушкилоти сунъиро эхсос намуда, бо дарки амиқи масъулияти шаҳрвандӣ ба ин мушкилот назар андохтан айни ифодаи ваҳдати миллӣ хоҳад буд.

Шахсе, ки худро соҳибақлу соҳибфазл меҳисобад, аз ин ходисаҳо сабақи таълимие бардошта, ҳамеша баҳри тақвият бахшидани Ваҳдати миллӣ саъю кўшиш менамояд.

Ба омили дохилӣ бошад, ҷанги шаҳрвандии кишварро метавон дохил намуд, ки зарарҳои моддию маънавии он барои миллати мо ҳамчун бори гарон то ҳол эхсос мешаванд. Сониян, хурд будани ҷумҳурӣ ва камшумор будани аҳолии он низ аз ҷумлаи омилҳое мебошанд, ки Ваҳдати миллиро махсус муҳим мегардонанд.

Дарки зарурати ваҳдати миллӣ, аз ваҳдат вобаста будани тақдир ва ояндаи миллат ва амсоли онхо худ сатҳи баланди рушди шуур ва фарханги сиёсиро такозо менамоянд.

         Чунки дар кишвар ғайр аз пайравони дини ислом боз пайравони дигар динҳо низ зиндагӣ мекунанд. Аз ин рў, арзиши олӣ, арзише, ки новобаста аз мансубияти миллию дини метавонад тамоми миллатхо, гурўҳҳу ниҳодҳо ва нерўҳои иҷтимоиро дар кишвар ба ҳам бипайвандад, аввалан, ин фазои оромиву осуда ва зиндагии тинҷу беолоиши сокинони кишвар аст. Арзиши олӣ- ваҳдат барои ҳар як фарди ҷумҳурӣ, инчунин дўстию рафоқати байни миллатҳои гуногуни ҷумҳурӣ низ ба ҳисоб меравад.

Дар муддати бисту ду сол, ки аз Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ мегузарад, ваҳдати миллӣ дар Тоҷикистон мустаҳкам гардида, меваҳои шаҳдбори худро ба бор овардааст. Вале барои ҳифзи ҳамешагии он ҷавононро дар рўҳияи ватандўстӣ тарбия намуда, аз зарархои ифротгарои, махалгарои, мансабпарасти бохабар кардан вазифаи мукаддаси ватандории тамоми ҷомеа мебошад.

Пояҳои истиқлолияти давлатии мо сол ба сол қавитар мегарданд.

 

Шарифзода Марям, узви Гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg