БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БАРОИ ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ ТАЛОШ МЕВАРЗЕМ !

ТЕМУРМАЛИК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мулоқоти кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Темурмалик бо ҳизбиёни ташкилоти ибтидоии  “Тошбулоқ” баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҳизб Раҷабзода Маҳмадсаид оғоз намуда, дар бораи дастовардҳои ноилшудаи даврони соҳибистиқлолии давлату миллати тоҷик бо роҳбарии Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон сухан ронд.

Инчунин, мавсуфдар идомаи суҳбат вобаста ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикорупсионӣ дар миёни аҳолӣ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, инчунин, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сурат гирифт. Сипас, оид ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баргардонидани  84  нафар  ноболиғони тоҷик  аз  давлатҳои ҷангзада андешаҳо изҳор гардиданд.

Дар охир вобаста ба татбиқи  Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” роҳҳое, ки вайрону валангор шуда буданд, аз нав таъмир карда шуда, пули вайронгаштаи даромадгоҳи деҳаро  азнавсозӣ намуданд.

 

   

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg