БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАБРИКОТИ ШЎРОИ МАРКАЗИИ ТАШКИЛОТИ ҶАМЪИЯТИИ ЧАВОНОН «СОЗАНДАГОНИ ВАТАН»

Ҳаватанони азиз!

Ҷавонони саодатманд- созандагони имрӯзу фардои Тоҷикистони азиз!

Бо шукргузорӣ аз фазои орому осоиштаи давлат ва рӯзгори ободу озоди мардуми шарифи Тоҷикистон Шӯрои марказии Ташкилоти Ҷамъиятии Ҷавонон «Созандагони Ватан» ҳамаи Шуморо ба муносибати ҷашни 22-солагии «Рӯзи Ваҳдати миллӣ» самимона табрик менамояд.

Маҳз самараи Ваҳдати миллӣ ва тарғибҳои пайвастаи заминагузори ғояҳои ваҳдатгароӣ буд, ки Тоҷикистон дар арсаи сиёсати байналмилалӣ дар муддати кӯтоҳи таърихӣ ба марҳалаи рушди устувори иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангӣ ворид шуда, ба дастовардҳои зиёд ноил гардид.

         Иттиҳоди миллӣ неъмати бузург ва муқаддас мебошад, ки тамоми пешрафту комёбиҳои давлатамон ва саодати рӯзгори мардумамон аз он маншаъ мегирад.

         Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз лаҳзаи ба сари қудрат омаданашон тамоми азму иродаи худро ба умдатарин масъалаҳои ҳастии халқу давлат – таъмини сулҳу субот, муттаҳид  намудани сокинони кишвар, таҳкими ваҳдати миллӣ бахшиданд ва фаъолияти сиёсиашон ҳамчун Сарвари давлат бо ормонҳои чандинасраи миллат ва рисолати ҷамъиятию азалии халқи тоҷик мувофиқ омад.

         Ба шарофати саъю кӯшиши пайваста ва ҳаракатҳои пайгиронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва хости мардуми ба ору номуси Тоҷикистон ғояи ваҳдати миллӣ ба яке аз самтҳои сиёсати доимии давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон табдил ёфт. Он баҳри рушди минбаъдаи сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат, интихоби самтҳои дурусти рушди минбаъдаи кишвар, таъмини амнияти дохиливу хориҷӣ ва ниҳоят барои имрӯзу фардои халқу миллати мо заминаҳои мустаҳкам ба вуҷуд овард.

         Имрӯзҳо натанҳо халқи кишвар, балки кулли ҷомеаи ҷаҳонӣ возеҳ эҳсос менамояд, ки ба халқи тоҷик ин ҳама дастовардҳои беназир ба осонӣ муяссар нашудааст. Муҳимтар аз ҳама он аст, ки тавассути ин ҳама тадбирҳо давлати Тоҷикистон ва миллати тоҷик ба ҷомеаи ҷаҳонӣ аз нуқтаи назари воқеияти таърихии худаш ҳамчун давлати сулҳпарвар муаррифӣ гардид. Аз ин рӯ,  мо ҷавононро мебояд исботгари ин гуфтаҳо бошем, дар пешрафти Ватан саҳмгузор бошем,  Ваҳдати миллии хешро ҳифз намоем ва ба хотири густариши арзишҳои миллӣ чораҳои муассир андешем.

       Бо эътимоди комил ба ҷавонони соҳибмаърифату сарбаландамон бори дигар ҷашни 22-солагии Рӯзи Ваҳдати миллиро шодбош мегӯем ва орзу менамоем, ки дар хонадони ҳар яки Шумо чароғи сулҳу оромӣ ҳамеша фурузон бошад.

         Ҷашн муборак ҳамватанони азиз!

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg