БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МИЗИ МУДДАВВАР БАХШИДА БА "РӮЗИ ВАҲДАТИ МИЛЛӢ"

Бахшида ба 22-юмин солгарди "Рӯзи Ваҳдати миллӣ" нимаи аввали рӯзи 25.06.2019 дар толори маҷлисгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар вилояти Хатлон таҳти роҳбарии раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло мизи муддаввар дар мавзӯи "Нақши ҲХДТ дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ" баргузор гардид.

Дар ин чорабинӣ раисон ва муовинони кумитаҳои иҷроияи ҲХДТ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, кормандони Кумитаи иҷроияи вилоятии ҳизб ва хабарнигорони ВАО иштирок доштанд.

Чорабиниро бо сухани ифтитоҳӣ раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон Раҳмонзода Абдулло кушода, қайд намуданд, ки ин лаҳзаҳо ҳамаи мову Шумо дар арафаи 22-мин солагии "Рӯзи Ваҳдати миллӣ" қарор дорем.

Бисту ду сол қабл, яъне 27 июни соли 1997 бо имзои Созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоияти миллӣ дар ҳаёти сиёсиву иқтисодӣ ва иҷтимоиву фарҳангии мамлакат марҳалаи нав оғоз гардид.

Бинобар ин, ба ҳамаи Шумо, ҳозирини гиромӣ ин санаи таърихиро самимона табрик гуфта, дар фаъолияти минбаъдаатон бурдбориҳо таманно дорам.

Қобили қайд аст, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар раванди басо мушкилу мураккаби хомӯш кардани оташи ҷанги шаҳрвандӣ, вусъат бахшидани музокироти сулҳ ва таҳкими оромиву суботи ҷомеа нақши босазои худро гузошт. ҲХДТ ба сифати нерӯи муқтадири сиёсии кишвар барои воқеан амалӣ гардидани озодиҳои сиёсиву иқтисодӣ, аз қабили гуногунандешӣ, бисёрҳизбӣ, озодии сухан, матбуот ва эътиқод, интихоботи шаффофу демократӣ, волоияти қонун, иқтисодиёти гуногуншакл, рақобати озоди иқтисодӣ, рушди соҳибкории хурду миёна, ташаккули ҷомеаи шаҳрвандӣ ва монанди инҳо ҳамчун ҳадафҳои барномавии худ то имрӯз талош меварзад. Натиҷаи чунин сиёсати созандаи ҳизб аст, ки намояндагони ҳамаи қишрҳои ҷомеа ифодаи манфиатҳояшонро дар барномаи он мебинанд ва онро ҷонибдорӣ мекунанд.

Сипас, Иброҳимзода Неъматулло дар мавзӯи “Нақши ҲХДТ дар таҳкими сулҳу Ваҳдати миллӣ” андешаронӣ намуда,  иброз дошт, ки Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҳамчун ташкилоти ҷамъиятии сиёсӣ бо диду назари нав ба майдони сиёсат омад ва тавонист бо ғояҳои созандаву бунёдкорона ва ватандӯстонаву ватанпарварона дар таҳкими сулҳу ваҳдати саросарӣ нақши бориз гузорад.

Ҳамчунин, Саидзода Раҳмон, Сафар Халилов, Абдулҳаев Маҳмадсаид  ва Мирзоев Исуф бо маърузаҳои хеш баромад намуданд. Ноиқон, қайд намуданд, ки роҳи тайнамудаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ҷиҳати поягузории идеологияи давлатдории миллӣ ва таҳкими ваҳдати миллӣ дар тӯли 25 сол роҳи мушкилу пурпечутоб, аммо бошарафона буд. Дар ин муддат ҲХДТ борҳо ҳизби халқ будани худро дар амал собит кард. Собит кард, ки тамоми афкору маънавиёташ аз умқи дили мардум реша гирифта, фаъолияти амалиаш ба манфиати халқ равона шудааст. Дар ин миён дастовардҳои ҲХДТ ва сохторҳои ҳизбии вилояти Хатлон дар ин ҷода беназиранд.

Дар охири чорабинӣ Раҳмонзода Абдулло қайд намуданд, ки итминони комил дорем, ки ҳизбиёни вилоят ва умуман мардуми сарбаланди вилояти Хатлон минбаъд низ ба хотири созандагии Ватан, барои таҳкими Ваҳдату ҳамбастагӣ ва рушди босуботи кишвари азизамон саъю талош мекунанд ва дар ин ҷода низ намунаи ватандӯстиву ободгарӣ нишон медиҳанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg