БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

БО ТАДБИРҲОИ МУШТАРАК БО ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ МУБОРИЗА МЕБАРЕМ!

ВОКУНИШ. Мубориза бо экстремизму терроризм дар Тоҷикистон ҳарфи нав нест. Аз соли 2005 то ин инҷониб дар ҷомеаи Тоҷикистон ин мавқеъ пойдор гардидааст. Терроризм ва экстремизм худ зуҳуроти номатлубе мебошанд, ки дар нимаи дуюми асри ҶҶ ва ибтидои асри ҶҶI ба проблемаи ҷаҳонӣ табдил ёфт. Террористон бо таркондану оташ задани манзилҳои истиқомативу иншооти ҳаётан муҳим, одамрабоӣ, гаравгонгирӣ, таҳдиди куштан ва нобуд кардани ходимони давлативу сиёсӣ, ташвиқоти ғояҳои ифротӣ, созмон додани ташкилотҳои террористӣ ва содир намудани дигар ҷиноятҳои хавфнок дар дили мардуми осоишта ҳаросонӣ меафкананд. Онҳо тариқи сомонаҳои интернетӣ, шабакаҳои иҷтимоӣ, варақаву дастурҳои иғвоангез ва ваъдаҳои дурўғин мехоҳанд сафи аъзоёни худро зиёд намоянд. Чунин созмонҳои акидаҳои террористидошта дар Тоҷикистон хизби наҳзат буд, ки соли 2015 бо қарори Суди олии Тоҷикистон барои содир намудани амалҳои ҷинояткорона ва  ташкили амалиётӣ забҳи ҳокимияти конситусионӣ фаъолияти ў манъ карда шуд.

Бо ташаббуси Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон 16 ноябри соли 1999 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо терроризм» имзо гузошта шуд. 21 ноябри соли 2003 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мубориза бо экстремизм» ба тасвиб расид. Қабули ин ду қонун барои Тоҷикистон имкониятҳои фарохеро дар таҳкими мубориза бо терроризму экстремизм фароҳам овард. Ҳукумати мамлакат тамоми конвенсияҳои зиддитеррористиро, ки дар чаҳорчўбаи Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории Шанхай қабул гардида буданд, мавриди таъйид ва тасдиқ қарор дод. Тоҷикистон, ки аз байни кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ва Созмони ҳамкории Шанхай дар ҷабҳаи аввали мубориза бо терроризм ва экстремизм қарор дорад, дар асл амнияти тамоми кишварҳои узви ин созмонҳоро таъмин намуда, дар роҳи пешгирии тавсеаи терроризм ва экстремизм ба қаламрави онҳо ҳамчун сипар истодааст.

Ба ҳеҷ кас пўшида нест, ки солҳои тўлонӣ сарзамини Афғонистон ақибгоҳи нерўҳои ифротӣ буд ва барои таъминоти онҳо, ки дар лавозимоти ҷангӣ таҷассум меёфт, хизмат мекард. Вале давоми солҳои зиёд Тоҷикистон садди роҳи онҳо шуда, барои таъмини амнияти худ ва ҷаҳон сарфи назар аз хисороти зиёди ҷониву молии худ нақши кишвари монеашавандаро иҷро намуд. Ҷомеаи ҷаҳонӣ бори дигар боварӣ ҳосил кард, ки Тоҷикистон метавонад, минбаъд низ дар таъмини амнияти қитъаҳои Аврупову Осиё ва сулҳи ҷаҳон шарики боэътимод бошад. 

«Бо дарназардошти воқеияти рўз мо бояд ба хотири таъмини амнияти ҳамаҷониба дар сатҳи минтақа ва ҷаҳон, барои мубориза  бо терроризм ва экстремизм, аз байн бурдани омиҳои дастгирии сиёсӣ, низомӣ ва  молиявӣ, тавассути қабули  тадбирҳои муштарак чораандешӣ намоем»- иброз доштанд Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикитсон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Конференсияи байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи «Муқовимат  бо терроризм ва ифротгароии хушунатомез», ки  моҳи майи соли 2018 дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Ин бори дигар аз он дарак медиҳад, ки Тоҷикистон чун кишвари ташаббускор оиди мубориза бо ин нопадидаҳо бетараф набуда, ҳамаҷониба саҳми калон мегузорад.           

Таҳлилҳои солҳои сипаригашта аз он шаҳодат медиҳанд, ки гурўҳу созмонҳои террористиву экстремистӣ баҳри зиёд намудани сафи аъзоёнаш дар байни қишрҳои гуногуни ҷомеа аҳамияти махсусро ба ҷавонон равона намудаанд. Аз ин ҷиҳат, ҷавонони тоҷик бояд ҳамеша зираку ҳушёр бошанд ва баҳри баланд бардоштани сатҳи ҷаҳонбиниву донишашон саъю кўшиш намоянд, то тавонанд ҳамсолони худро аз ҳамроҳ гардидан ба гурўҳу ҳаракатҳои ифротгаро боздоранд.

Мубориза бар зидди терроризм ва ифротгароӣ қисми таркибии таъмини амният дар тамоми кишварҳо, аз ҷумла Тоҷикистон маҳсуб меёбад.

Имрўз дар кишвари мо тамоми имконоти муқовимат бо терроризму ифротгароӣ мавҷуд буда, аз аҳли ҷомеа тақозо мешавад, ки муборизаро бо ин зуҳуроти номатлуб пурзўр намоянд. Танҳо дастаҷамъона метавонем амнияту осоиши Ватанро аз вуруди ғояҳои бегона, шомилшавии  ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористиву экстремистӣ, гаравидани онҳо ба ин зуҳурот пешгирӣ намоем.

 

Қурбонова Шаҳло, узви Гурўҳи вакилии ҲХДТ дар Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи Панҷ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg