БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ ҲИФЗИ СОЛИМИИ ҶОМЕА ВА НАЗОРАТИ БОСИФАТИ МАВОДИ ҒИЗОӢ АСТ!

ШАҲРИТУЗ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Маркази назорати давлатии санитарию эпидемиологӣ”-и ноҳияи Шаҳритуз доир ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  хониши сиёсӣ баргузор гардид.

Намояндагони Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ   дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҳизб,  аз ҷумла  пешгирии бемориҳои мавсимии  сироятӣ,    назорати босифати  маовди хӯрока дар дӯкону  фурӯгоҳҳо,  пешгирии шомилшавии шаҳрвандон  ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, тарғиби фарҳанги миллӣ, пешгирӣ аз хурофоту бегонапарастӣ майл ба фарҳанги бегона, ки имрӯз ҷомеаи шаҳрвандиро ба ташвиш овардааст, андешаронӣ намуда, иштирокдоронро барои татбиқибосамари ҳадафҳои созандаи ҲХДТ ҳидоят карданд.

Ҳамзамон,  дар идомаи чорабинӣ Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!»  роҳандозӣ карда шуда, бозичаҳои кӯдакона баҳри рангорангу пурмазмун гузаштани таътилии тарбиятгирандагони боғчаи бачагонаи №7 деҳаи Обшорони ҷамоати деҳоти Обшорон такдим карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg