
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази ташаккули тарзи ҳаёти солим» бо иштироки кормандони масъули Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ гузаронида шуд.
Гадоӣ Сайдалиев дар бораи сиёсати хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон бо ҷамъомадагон суҳбат намуда, зикр кард, ки солимии миллат пояндагии онро таъмин менамояд ва тарғиби ҳифзи солимии миллат яке аз ҳадафҳои асосии Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон ба шумор меравад. Аз ин рӯ, ҲХДТ бо мақсади дастгирии мардум ва хизматрасонии сифатноки тиббӣ такмили низоми идоракунии соҳаи тандурустиро муҳим шуморида, ҷорӣ намудани рақобати солим, ташаккули низоми муосири хизматрасонӣ бо истифода аз технологияҳои замонавӣ ва тайёр кардани мутахассисони соҳибкасби соҳаро аз ҷумлаи иқдомоти зарурӣ медонанд.