БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ КИШВАР АЗ МАСЪУЛИЯТИ БАЛАНДИ МО ВОБАСТА АСТ!

ФАРХОР. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Фархор  ҷиҳати татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии "Якҷоя ҳал мекунем!" ва бо мақсади иҷрои корҳои фаҳмондадиҳӣ дар ташкилоти ибтидоии «Шараф»-и Ҷамоати деҳоти Дарқади ноҳия  мулоқот доир намуданд.

Дар ин мулоқот оид ба тозагию ободонии маҳал, сангфаршкунии роҳҳои дохилии деҳа, чароғонкунии кӯчаҳо, тоза кардани ҷӯю заҳбурҳо, ба варзиш фаро гирифтани ҷавонон ва шарҳу тавзеҳи нуктаҳои Паёми имсолаи Президенти мамлакат суҳбат ороста шуд.

Дар масълаи ободонӣ бошад, сокинони деҳа бо ҷонибдорӣ аз сиёсати пешгирифтаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки солҳои 2019-2021-ро "Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ" эълон намуда буданд, дар ин самт корҳои ободонӣ тозагии деҳаро ба анҷом расониданд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg