БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ –ҲИЗБИ РОҲНАМОИ МАРДУМ АСТ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Маликобод”-и ҷамоати деҳоти Лоҳури ноҳияи Данғара   хониши  сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Дар маҷлис  Каримов Пирмуҳаммад раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ доир ба  мавзӯъҳои дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар тезонидани корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии  “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати истиқболи сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи самараноки барномаҳои созандагии рушди маҳал ва деҳот, шукргузорӣ аз Ваҳдату Истиқлолияти Ватани маҳбубамон, тарбияи наврасон дар роҳи хештаншиносӣ, пешгирии аз паёмаду  хатарҳои терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ, беҳдошти саломатӣ, тозагии оби ошомиданӣ ва санитарияи об дар доираи татбиқи ва ҷонибдорӣ аз ҳадафҳои ташаббуси чоруми сатҳи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028”, суханронӣ кард.

Баъдан аз ҷониби иштирокдорон ҳадафҳои созандаи ҲХДТ дастгирӣ ёфта, чанде аз онҳо иброз доштанд, ки суҳбату вохӯриҳои судманд  бештар ба роҳ монда  шавад.  

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg