БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲХДТ-НЕРӮИ СОЗАНДА БАҲРИ ПЕШРАФТИ ҶОМЕА!

Ҷ.БАЛХӢ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Шахтиёр”-и ҷамоати деҳоти  Фрунзеи ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ  бо аъзо ва ҷонибдорони ҳизб мулоқоти ҳизби баргузор карда шуд.

Дар мулоқот раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Абдулҳаев Маҳмадсаид  иштирок дошта,  зикр намуд, ки ҳизби мо нерӯи созанда ва қудрати бунёдкоронаи худро барои пешрафти ҷомеа, татбиқи ормонҳои демократӣ ва беҳдошти сатҳи зиндагии мардум сафарбар менамояд.

Инчунин  гуфта шуд, ки асоси фаъолияти ҳизбро ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии он ташкил медиҳад. Дар ин росто ташкилотҳои ибтидоии ҳизбиро зарур аст дар раванди корҳои тарғиботӣ фаъолияти худро тақвият бахшида, дар ҳалли мушкилоти ҷомеа иқдомҳои созанда намоянд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg