БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОН НЕРӮИ БУЗУРГУ ПЕШБАРАНДАИ ҶОМЕА ВА СИПАРИ БОЭЪТИМОДИ ДАВЛАТАНД

ҶАЙҲУН. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Тибқи нақшаи кории Кумитаи  иҷроияи  Ҳизби  Халқии  Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Ҷайҳун бо ҷавонони касбу кори гуногуни ташкилотҳои ибтидоии ҳизбии ноҳия оид ба пешгирии ҷавонон аз шомилшави ба ҳар гуна ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷои вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар ин ҷамъомад Узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун-раиси ноҳия, Аминзода Фотеҳ Файзулло, раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод муовинони раиси ноҳия, ва роҳбарони мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқи ноҳия, Раҷабзода Шоҳрух – прокурори ноҳия, Ҳусейнзода М. – сардори шуъбаи ноҳиявии Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Муҳидинзода Баҳодур – раиси Суди ноҳия, Холиқзода Баҳодур – сардори ШВКД дар ноҳияи Ҷайҳун ва ҳамчунин роҳбарону ҷавонони фаъол ҷамъ 273 нафар иштирок доштанд.

Дар он бо сухани ифтитоҳи раиси Кумитаи  иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Ҳасанзода Тағоймурод ва Узви Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун Аминзода Фотеҳ Файзулло баромад намуд.

Атрофи мавзӯи барасишаванда Бекмамадов Асалмамад- роҳбари намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун, Зубайдов Маҳмадшариф-мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши ноҳияи Ҷайҳун ва Обидзода Фарҳод-аъзои фаъоли ТҶҶ “Созандагони Ватан”-и Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҷайҳун бо суханони пурмуҳтаво баромад намуданд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg