БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ НАСЛИ НАВРАС ДАР РУҲИЯИ ВАТАНДӮСТӢ ВАЗИФАИ МОСТ!

ҚУБОДИЁН. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии “Саъдӣ Шерозӣ”-и деҳаи Қиёти ҷамоати шаҳраки Қубодиён хониши сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ баргузор карда шуд.

Дар рафти вохӯрӣ Шарифзода Маҳмадаюб раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявӣ Қубодиён, Ҷиёнов Музаффар  вакили Маҷлиси вакилони халқи ноҳия ва  Мадиев Ҳаким  сармутахассиси ҷамоати шаҳраки Қубодиён  иштирок дошта,дар назди ҷамъомадагон вобаста ба роҳҳои  амалӣ намудани вазифаҳое, ки дар Паёми Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муайян шудаанд, ёдовар шуда, иброз доштанд, ки татбиқи  мақсаду маром ва  ҳадафҳои Паём  вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд  мебошад.   

Инчунин, таъкид карда шуд, ки баҳри пешрафту шукуфоии кишвар, иҷрои корҳои созандагию бунёдкорӣ, тарбияи насли наврас, кӯмаку дастгирии ниёзмандон, ҳифзи дастовардҳои даврони Истиқлолият, таъриху фарҳанги миллӣ ва мустаҳкам намудани дӯстию бародарӣ, сулҳу суботи  комил сарҷаъмона кӯшиш намоем.

Баъдан бо суолу пешниҳодҳои сокинон вохӯрии  судманд  анҷом ёфт.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg