БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ ҶАШНИ ИТТИҲОДУ ДӮСТӢ

КӮЛОБ. Дардоираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Мутобиқи  ҷадвали суҳбату вохӯриҳо  дар ташкилоти ибтидоии “Фалак” мулоқот доир карда шуд.

Дар ин чорабинӣ мудири шуъбаи кор бо занони  Кумитаи иҷроияи  ҲХДТ дар шаҳри Кӯлоб ва раиси ташкилоти ибтидоии мазкур  Баротов Нурулло иштирок ва суханронӣ намуданд.

Зимни ҳамоиш Мунаввараи Бозоралӣ дар мавзӯъи Ваҳдати миллӣ андешаҳои худро баён намуда, гуфт, ки имрӯз ҳар як сокини кишварро таассуроти гуворо аз тадбирҳои омодагӣ ба истиқболи солгарди Рӯзи Ваҳдати миллӣ фаро гирифтааст. Бояд гуфт, ки амри Сарвари давлатамон дар бораи гузаронидани иди умумиҷумҳуриявии Ваҳдати миллӣ дар саросари кишвар аҳамияти муҳими иҷтимоию сиёсӣ дорад.

Дар ин айёми омодагӣ ба таҷлили ҷашни Рӯзи Ваҳдати миллӣ ба таърих ва саргузашту сарнавишти миллатамон назар афканем, аз дастовардҳо ва бурду бохти он ёдовар шудан зарур ва ҳатмӣ мебошад, ки имрӯз бояд тамоми мардуми кишвар махсусан, наслҳои ҷавони имрӯзу ояндасози мо аз он ифтихор намоянд, сабақ гиранд, ба мероси бузурги маънавӣ ва фарҳангии ниёгонамон арҷгузорӣ карда, осоиштагии миллиро чун гавҳараки чашм эҳтиёт кунанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg