БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТАРБИЯИ ДУРУСТ, БА РОҲИ РОСТ ҲИДОЯТ НАМУДАНИ ФАРЗАНД ВАЗИФАИ ПАДАРУ МОДАР АСТ!

НОРАК. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Сари гузари ҷамоати  деҳоти Дуконии шаҳри Норак оид басамтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ  вохӯрӣ доир гардид.

Дар ҷамъомад Фирдавс Ғафурзода  корманди масъули ҳизбӣ иштирок дошта,    зимни баромади худ қайд намуд, ки фарзанд меваи умри одамизод аст. Ин мева ҳамон вақт бор меоварад ва лаззат мебахшад, ки агар волидон чун боғбон ҳамеша ба нигоҳубину парвариши он машғул шаванд. Боғбон ҳамон вақт аз меҳнати худ қаноатманд мешавад, ки меваҳои парваридааш хуштаъму болаззат бошанд ва аз онҳо дигарон низ истифода баранд ва агар меваи парваридааш таъби дили дигарон набошад, ба самараи меҳнаташ баҳои сазовор намедиҳанд.

Инчунин,  дар идома оид ба баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум  аз хатари терроризму экстремизм, роҳҳои пешгирӣ аз он, аз байн бурдани  таассуби динӣ ва хурофотпарастӣ, пешгирӣ аз бегонапарастиву майл ба фарҳанги бегона, пешгирӣ аз истифодаи нодурусти технологияи муосир ва шабакаҳои иҷтимоӣ дар байни ҷавонон  баромадҳо карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg