БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДАСТАҶАМЪОНА ВАТАНАМОНРО БОЗ ҲАМ ОБОДТАР МЕСОЗЕМ!

ДАНҒАРА. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бо  иқдоми пешгирифтаи   Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Данғара дар ташкилоти ибтидоии “деҳаи Ширинком”-и ҷамоати деҳоти Лоҳур  ҷиҳати баргузории хонишҳои сиёсӣ оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбӣ баргузор гардид.

Масъулини ҳизбӣ  атрофи мавзӯъҳои дастаҷамъона саҳмгузорӣ дар тезонидани корҳои ободониву созандагӣ дар доираи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!” ҷиҳати сазовор истиқболи  гирифтани 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ, татбиқи самараноки барномаҳои созандагии рушди маҳал ва деҳот, шукргузорӣ аз Ваҳдату Истиқлолияти Ватани маҳбубамон, наврасонро дар роҳи хештаншиносӣ тарбия намудан, пешгирии ҷудошавии оилаҳои ҷавон, хатарҳои терроризм ва экстремизм ҳамчун зуҳуроти манфӣ ва номатлуби ҷомеа, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу  ҳаракатҳои ифротӣ  суҳбат намуданд.

Дар охир оид ба ҳадафҳои олии ҲХДТ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти он суолу ҷавобҳои мушаххас   сурат гирифт.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg