БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАМАСОЛА ТОҶИКИСТОНИ СОҲИБИСТИҚЛОЛ ТАВАССУТИ ПЕШВОИ МУАЗЗАМИ ХУД ДАР АРСАИ ОЛАМ ШИНОХТАВУ МИЛЛАТАШ ДАҲЧАНД МУАРРИФӢ ГАШТА ИСТОДААСТ

АНДЕША. Боиси ифтихор ва сарфарозии кулли мардуми тоҷик аст, ки ҳамасола Тоҷикистони соҳибистиқлол тавассути Пешвои муаззами худ дар арсаи олам боз ҳам шинохтаву миллаташ даҳчанд муаррифӣ гашта истодааст, ки ҳамаи ин сарчашма мегирад аз Истиқлолият ва Ваҳдати комиле, ки Пешвои миллат барои мо мардуми тоҷик арзонӣ доштааст. Дар  ҳақиқат Тоҷикистони азиз аз рӯзи ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ  рӯ ба рушд ва рӯз то рӯз ободу гулгулшукуфон гашта истодааст. Таърих  гувоҳ аст, ки  халқи тоҷик аз азал миллати меҳмоннавозу  меҳмондӯст ва ояндасоз аст ва инро Пешвои муаззами миллат бори дигар  исботи оламиён намуд. Аз ин ҷост, ки  пойтахти кишвари  азизи мо шаҳри Душанберо баҳри баргузории  ҳамоиши 5-уми машваратӣ-ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё интихоб карданд, ки  ин барои ҳар як фарди баору нанги кишвар  боиси ифтихор аст.

Албатта, мо сокинони ин кишвари биҳиштосо қаноатманд ва сарфароз  аз онем, ки дар ин ҳамоиш бори дигар тамоми сарони давлатҳо ва ҳама ташкилотҳои бонуфузи ҷаҳонӣ  Тоҷикистонро  ҳамчун як кишвари  ташаббускор  ва Сарвари азизу арҷманди  он Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро  ҳамчун сиёсатмадори  муваффақ  ва хоксору башардӯст мешиносанд ва эътироф мекунанд. Дар маҷмӯъ, Тоҷикистон таҳти сарварии Пешвои миллат аз ибтидо сиёсати дохилию  хориҷии худро ба ҳифзи истиқлолият  ва тамомияти арзӣ, амният ва Ваҳдати миллӣ, бунёди ҷомеаи демократӣ, эҷоди заминаҳои устувори ҳуқуқию байналмилалии ҳамкориҳо равона кард ва ҳамкориҳои бисёрҷонибаи  мутақобилан судманд бо кишварҳои  ҷаҳон, созмонҳои гуногуни байналмилалӣ, ки дархӯрди манофеи миллии натанҳо кишвари мо,  балки тамоми олам  буданд, густариш ёфта истодаанд.

Албатта, ҳамагон боз ҳам бори дигар шоҳиди он гардидем, ки дар ин ҳамоиш ҳама аъзои машварати 5-уми ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё, ки аз 13 то 15-июни соли равон баҳри ҳамкориҳои  мутақобилан судманд, муборизаи беамон  ба терроризму экстремизм ва дигар амалҳои  номатлуб дар пойтахти  кишвари азизамон  шаҳри Душанбе  баргузор гардид сароғози суханони ҳама баромадкунандагон  ин арзи сипосу миннатдорӣ аз хизматҳои  арзишманд ва пай дар пайи Пешвои миллат  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  барои тамоми инсоният  ва  халқу миллатҳо дар самти мубориза  бар муқобили амалҳои номатлуб буд.

Ҳама иштирокдорон ва шахсони расмии ин чорабинии бонуфӯз бори дигар боварӣ ҳосил намуданд, ки дар давраи роҳбарии Тоҷикистон ба ин ҳамоиш дар масъалаи  робитаҳои осоишта  ва мубориза ба падидаҳои номатлуб як қатор корҳои арзишманд ба анҷом мерасанад.

Мирзобаротзода Салоҳиддин, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Мӯъминобод

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg