
КӮЛОБ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар деҳаи Дамариқи ҷамоати деҳоти Даҳанаи шаҳри Кӯлоб вобаста ба нуктаҳои асосии Паёми навбатӣ ва самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ мулоқот баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ корманди Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб Файзуллоев Алишер иштирок ва баромад намуда, иброз дошт, ки тарғиби нақши урфу одат ва анъанаҳои неки мардумӣ дар байни сокинон бо мақсади тарбияи ахлоқиву маънавии ҷомеа аз самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ ба шумор меравад. Анъанаҳои неки миллии мо зиёданд, ки ҳикмату фалсафаи худро доранд. Яъне анъанаҳои нек ба ҳамзистиву ҳамсоядории муносиб оварда мерасонад, ин кӯмак намудан дар сохтмони хонаҳои ҳамдигар, ширкат дар тарбияи фарзандони ҳамдигар бо роҳи насиҳат ва бетарафӣ накардан дар рафтору омоли манфии онҳо, пойдории оилаҳои ҷавон, дар тарбияи худ гирифтани фарзандони аз падару модар маҳруммонда ва ғайра мебошанд.
Дар ин замина таъкид гардид, ки мо аъзо ва ҷонибдорони ҳизбро зарур аст, дар роҳи тарғиби урфу одат ва анъанаҳои мардумӣ ҷудо намудани онҳо аз хурофоту дигар амалҳои зарарнок ва дар роҳи тақвияту ваҳдату дӯстӣ ва ҳамрайъии ҳамватанон истифода бурдани онҳо пешқадам бошем.