БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

САФАРИ ХОТИРМОНУ ТАЪСИРБАХШ!

АНДЕША. Ҳангоми сафари  кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси  муззами  ҲХДТ  муҳтарм Эмомалӣ Раҳмон ба  деҳаи  Пушинги  ноҳияи  Данғара  як  қатор  иншоотҳои  муҳим  аз  қабили  Боғи  Парчаму  Нишон, варзишгоҳ,  Боғи Фароғатӣ, Майдончаи варзиши, Таваллудхонаи муосир, Муассисаи  таҳсилоти  миёнаи умумии  нав, роҳи мошингарди  деҳоти «Пушинг» ва маркази  хизматрасонии  ҶДММ «Файзи Карим»  ба  сатҳу  сифати  балан мавриди  истифода  қарор  дода шуданд.

 Дар  ҳақиқатан  ҳам  сокинони    деҳаи  Пушинги  ноҳияи  Данғара дар  назди  тамоми  аҳли  ҷомеаи  кишвар   иҷрои  дастуру  супоришҳои   Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмонро,  ки  аз  Паёмашон  ба  мардуми  шарифи кишвар  пешниҳод  шуда  буданд  бо  таъмини  зиндагии  шоистаи  деҳагонашон саҳми  бузург  гузоштанд. 

Дар  ҳақиқатан  ҳам  баҳри  иҷрои  дастуру супоришҳои  Пешвои  миллат  корҳои  анҷомшудаи  деҳаи  Пушинги ноҳияи  Данғара  барои  тамоми  сокинони  Ҷумҳурии  азизамон як  дарси  ибрат  хоҳад шуд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ҳангоми  сафари  кориашон бо деҳаи Пушинг аз кору фаъолияти кишоварзони кооперативи  истеҳсолии  «Сомонҷон»-и ноҳияи Данғара  шинос  шуда ба  хоҷагидорони  ноҳия  баҳои  баланд  дода,  баҳри  зиёд намудани маҷмуи маҳсулоти кишоварзӣ дастуру  супоришҳои мушаххас доданд.  Кору  фаъолияти  кишоварзони  ноҳияи  Данғара  дар  даврони  истиқлолият ба таври интеграли пеш рафтааст.

Ҳангоми сафари кориашон Пешвои  миллат  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  фаъолон  ва  сокини вилояти  Хатлон  мулоқот  намуда,  тамоми самтҳои  хоҷагидори  ва  саноатиро  мавриди  омӯзиш  қарор  дода,  нисбати  камбудиҳои ҷойдошта дастуру   супоришҳои  мушаххас доданд,  ки  ин  албатта  барои  дар  сатҳи  хуб  ҷамъбаст намудани  нимсолаи  аввали  соли   равон  имконияти  хуб  фароҳам  меорад. 

Баъди тамошои сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  ба  деҳаи  Пушинги  ноҳияи Данғараро  мо  кормандони  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳияи  Шаҳритуз аз  иқдомҳои  созандаю  бунёдкоронаи сокинони  деҳаи Пушинги  ноҳия руҳу  илҳоми  нав  гирифта  барои  дар  сатҳи  хуб ҷамъбасти  нимсолаи  аввали  соли  равон аз  тамоми имкониятҳои мавҷудаи худ барои ободонии маҳалли худ самаранок  истифода  хоҳем  кард.

Шаропов Ҳомидҷон, раиси КИ ҲХДТ дар ноҳияи Шаҳритуз                                              

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg