БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЁДАТИ КӮДАКОНИ МАЪЮБ ДАР АРАФАИ ИДИ САИДИ ФИТР!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант дар доираи дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар арафаи иди Саиди Фитр ва Рӯзи муҳофизати кӯдакон ба аёдати кӯдакони маъюб  рафта, дасти навозиш ба сари онҳо гузошта, туҳфаҳои идонаро тақдим карданд.

Чунин иқдомҳои неку  хайрхоҳона аз ҷониби ҳизбиёни шаҳри Левакант пайваста дар арафаи иду ҷашнҳои милливу давлатӣ  роҳандозӣ гардида,  шахсони  эҳтиёҷманди ҷомеа аёдат карда мешаванд.

Аз ғамхориҳои  шахсони савобҷӯ  ниёзмандон сипосгузор буда, ҷонибдори  сиёсати инсондӯстонаи Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мебошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg