БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ВАҲДАТИ МИЛЛӢ – ГАНҶИ БЕБАҲОИ ТОҶИКОН

КӮЛОБ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Бахшида ба фарорасии бисту дуюмин солгарди Ваҳдати миллӣ дар ташкилоти ибтидоии “Маркази саломатии кӯдаконаи шаҳрӣ” вохӯрӣ роҳандозӣ гардид.

Дар вохӯрӣ муовини раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри  Кӯлоб Фирӯзи Саидмӯъмин ба сухан баромада, гуфт, ки давлати соҳибистиқлоли мо бо шарофати Ваҳдати миллии ба дастоварда ҳамасола барои расидан ба ҳадафҳои стратегии давлат зина ба зина амалӣ рӯ ба тараққӣ ниҳода истодааст. Бо боварӣ гуфта метавонам, ки бо кӯшишҳои Ҳукумати ҷумҳурӣ ва дастгирии мардуми меҳнатдӯстӣ кишварамон тамоми мушкилоти иқтисодию иҷтимоӣ бартараф шуда, бо нияту нақшаҳои неки дар пешистодаамон ҳарчи зудтар хоҳем расид.

Дар фарҷом қайд  карда  шуд, ки эҳёи Ваҳдати миллӣ ва созишномаи умумии истиқрори сулҳ ва ризоиятии ҷомеа иборат аз он буда, ки он пеш аз ҳама миллати тоҷикро аз парокандагӣ, Тоҷикистони азиз ва муқаддасро аз пора- пора гардидан ва ба нестӣ расидан раҳоӣ бахшад. Моро ҳушёри мебояд, ки ҳам аз ҷиҳати илмӣ ва ҳам амалӣ ганҷи бебаҳои тоҷикон -Ваҳдати миллиро ҳифз намуда, ба қадри он расем.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg