БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЛАЙҲИ ИФРОТГАРОӢ ЧӢ БОЯД КАРД?

ВОКУНИШ. Имрӯз терроризм ва экстремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти чаҳон ва  ба ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Пӯшида нест, ки паҳн гардидани тафаккури ифротӣ, мавҷудияти гурӯҳҳои ифротгарои динӣ ва созмонҳои террористӣ чӣ дар минтақа ва чӣ дар миқёси ҷаҳон ба мавҷудияти кишварҳо хатари ҷиддӣ эъҷод менамоянд. Аммо барои як инсони оддӣ фаҳмиши терроризм, экстремизм ва радикализм душвори пеш меоварад.

Дар соҳаи омӯзиши табиати терроризм, экстремизм ва радикализм шинохти он хамчун падидаи манфии ҷамъиятӣ, тадқиқоти ҷиддие ҳануз анҷом наёфтааст. Шароити имрӯз моро водор мекунад, ки мубориза бо ифротгароии дини ва терроризмро чун масъалаи хеле муҳим ва ҷиддӣ арзёбӣ намоем. Шак нест, ки ин масъала ба сарнавишти давлатдории миллии мо гиреҳ хурдааст. Лозим аст, ки бо шинохти моҳияти ифротгароии динӣ, дарки хатари воқеӣ ва ба мубориза алайҳи он таваҷҷуҳи бештар намоем.

Тавре маълум аст, ифротгароёни динӣ барои расидан ба ҳадафҳои худ аз зӯроварию хушунат истифода мекунанд. Аз ин рӯ, дар зиндагии рӯзмарра фаҳмиш ва андешаҳои ифротгароён барои аъзои дигари ҷомеа қобили қабул нест.

Ифротгароёни динӣ мекӯшанд, ки ҷомеа ва давлатро тарсонида, бо роҳи зӯрӣ насли ҷавонро бо худ тобеъ карда, мақсадҳои худро ба аҳли ҷомеа таҳмил намоянд. Ҳамин тавр, ифротгароии динӣ аз марҳилаи радикализм ба марҳилаи терроризм мегузарад.

Дар раванди мубориза бо ДИИШ фаромӯш набояд кард, ки шумораи муаяни ҷавонони Тоҷикистон имрӯз дар сафҳои он меҷанганд, таҷрибаи ҷангӣ пайдо мекунанд, оқибат ба ватан бар мегарданд. Ин ҷавонони гумроҳ барои Тоҷикистон хатари ҷиддӣ ҳастанд. Ин хатар аз чӣ иборат аст? Ҷавонони Тоҷикистонӣ, ки дар сафҳои ташкилотҳои террористӣ ба монанди ДИИШ ва дигар гурӯҳо шомил шуда меҷанганд,  мағзшӯи шудаанд, ғояҳои ин гурӯҳои террористӣ ба эътиқодашон табдил ёфтааст, онҳо метавонанд бо истифода аз имкониятҳои шабакаҳои интернетии иҷтимоии замонавӣ истифода намуда ҳамин таълимотро қабул карда ба хешу табор, наздикону пайвандон ва дӯстони худ талқин менамоянд.

Зеро амалияи талхи таърихӣ нишон дода истодааст, ки қувваҳои террористию ифротӣ, ки аксар маврид воситаи татбиқи мақсадҳои геосиёсии абарқудратҳо мебошад, дастовардҳои пурқимати таърихӣ ва фарҳангиро, ки на танҳо арзишҳои як халқу миллат, балки дастоварди инсоният ба шумор меравад несту нобуд намуда, хотираи таърихӣ ва фарҳангии инсониятро нест карда истодаанд. Дар чунин шароити мураккаб дифоъ аз Истиқлолияту озодӣ ва таъриху фарҳангӣ пешин ва дифоъ аз номусу нанги худ дар масири пурифтихори ватандорист. Маҳз аз ҳамин сабаб таъкидҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар хусуси «сафарбар намудани саъйю кӯшиш дар навбати аввал ба хотири сулҳу оромӣ, субботу сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ дар давлати азизамон» бояд маънии зиндагӣ ва қарзи фарзандии ҳар як соҳиб ватан бошад.

Моро зарураст, ки насли ҷавонро дар руҳияи ватандустӣ, меҳанпарастӣ ва арҷгузоштан ба муққадасоти миллӣ тарбия намуда барои пешгирии шомилшавии ҷавонон ба гурӯҳҳои ифротӣ тамоми чораҳоро андешем.

Х. Мирзоев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ                                      

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg