БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲАДАФ РЕШАКАН КАРДАНИ ОМИЛҲОИ НОМАТЛУБ!

ТЕМУРМАЛИК. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ.  Дар ташкилоти ибтидоии деҳаи Қиблаии ноҳия оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҳизбї ва роҳҳои татбиқи Аксияи ҳизбии  ”Якҷоя ҳал мекунем!”  ҳамоиши ҳизбї гузаронида шуд. 

Дар рафти  мулоқот  нахуст  суҳбат  атрофи ба вуҷуд овардани мафкураи зиддикорупсионӣ дар миёни аҳолӣ, ҳамкории аҳолӣ бо мақомотҳои давлатӣ дар самти ошкор намудани ҷиноятҳои хусусияти иқтисодидошта, инчунин, пешгирии ҷавонон аз шомилшавӣ ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ сурат гирифт. Сипас, оид ба ташаббуси навбатии Пешвои миллат,  Раиси муаззами ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оиди баргардонидани  84  нафар  ноболиғони тоҷик  аз  давлатҳои ҷангзада андешаҳо изҳор гардиданд.

Дар фарҷоми дар доираи  татбиқи қисмати амалии Аксияи ҳизбии 

«Якҷоя ҳал мекунем!» бинои  варзишии муассисаи  таълимӣ, ки таъмирталаб буд, аз ҷониби сокинони бонангу номуси маҳал аз нав таъмир карда шуд. 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg