БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҲИФЗ НАМУДАНИ ҶАВОНОН АЗ ИФРОГАРОИИ ДИНӢ ВАЗИФАИ ШАҲРВАНДИИ МОСТ!

ПАНҶ. Дар доираи “Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ”. Терроризми динӣ ва ифрогароӣ яке аз мавзўҳои доғи рўз гардидааст.

Бо ин мақсад вохўрии навбатии масъулони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Панҷ дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии деҳоти «Намуна» роҳандозӣ гардид.

Дар он масъулон мафҳуми терроризми динӣ ва ифротгароиро ба иштирокдорон фаҳмонида доданд. Қайд шуд, ки Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон мудом аз минбарҳои баланд оид ба ин падидаи номатлуб ва роҳҳои пешгирии он андешаронӣ менамоянд.

Дар ҷараёни вохўрӣ оид ба роҳандозии Аксияи тарғиботӣ-амалии «Якҷоя ҳал мекунем!» ибрози андеша гардида, аз иштирокдорон  даъват ба амал оварда шуд, ки баҳри ободу зебо намудани Ватани азизамон бо корҳои ободонию бунёдкорӣ  саҳмгузор бошанд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg