БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

АЗ ИСТИФОДАИ ҒАЙРИМАҚСАДНОКИ ШАБАКАҲОИ ИҶТИМОИИ ИНТЕРНЕТӣ ТО ИФРОТГАРОӣ ЯК ҚАДАМ РОҲ АСТ!

ВОКУНИШ.Ифротгароӣ  ҳамчун падидаи номатлуби ҷомеаи муосир рӯз аз рӯз дар сайёра тарзу усулҳои нави фаъолиятро касб мекунад. Агар пештар фаъолияти ташкилотҳои террористию экстремистӣ ба таври густурда дар шабакаҳои иҷтимоӣ маълум буд, имрӯз онҳо аз рӯи ҳолати равонии тарафи ҷалбшаванда бо ӯ суҳбату муросо мекунанд.

Дар аввал  дастандаркорону  муддаиёни шабакаҳои иртиҷоӣ бо тарзи хоси  муомила ва ҳолати равонии тарафи мавриди муошират қарор гирифта дар робита шуда, аз ҳолати  ботинӣ, мавқеи сиёсии тарафи суҳбат ва ақидаи исломии ӯ воқиф мешаванд ва баъдан омилҳои сиёсии ғосибонаи худро амалӣ месозанд.

Тасаввур кунед, ки дар саҳифаи иҷтимоии шумо аз номи кадом як дӯсти эҳтимолӣ паёмак омад, ки як хабари коркардшудаи гурӯҳҳои ифротиро ба 50 нафар дигар дӯстони эҳтимолиатон ирсол намоед.  Агар ин паёмакро ба 50 нафар дӯстонатон фиристодед шумо чанд миллион «савоб» ва ё соҳиби ягон «мукофот» мегардед. Дар қадами аввал барои хонанда пахши ин паём агар ба хотири ақидаи динӣ писанд омад, аммо оҳиста-оҳиста  паёмакхабарҳои дӯстони маҷозиатон хусусияти сиёсӣ мегиранд, ки  шахс  надониста ба ботлоқи ифротгароӣ меғӯтад.

Ҳамин тариқ ифротгароӣ ва ё оғози амалҳои иртиҷоӣ оғоз мешавад. Баъди он ки дӯсти маҷозиатон аз хусусиятхои равонии шумо огоҳ шуд даъват мекунад, барои пайваст шудан ба ягон  сомона ё шабакаи тарғибгари ахбори ифротӣ.  Чун шахс обунаи чунин шабакаҳо гардид маъракаи таблиғи ақидаҳои ифротгароӣ ва ҷалби нави аъзою тарафдор тавассути ӯ оғоз мегардад. Ва ҳамин тавр ҳаёти бисёри ҷавонону  наврасони  мо  месӯзад. Зеро ҳар як ахбори коркардшуда имрӯз тавассути технологияи муосир аз ҷониби мақомоти зидахл назорат мешавад ва паҳнкунандаи ахбори ифротию носозгор ба ғояҳои давлатсозӣ ҳатман  назди қонун ҷавоб мегӯяд.

Ин тарзи таблиғи ақидаҳои ифротӣ барои гурӯҳҳои террористию экстремистӣ хеле манфиатовар буда, вобаста ба истифодаи технологияи муосир ва истифодаи шабакаи интернетӣ дар тамоми зинаҳои  ҳаёти ҷамъиятии дилхоҳ давлат мавриди амал қарор дода мешавад.  Баъзан ҳолате ба мушоҳида мерасад, ки аз оилаҳои як умр хизмати халқу Ватан иҷронамуда аҳлу байт ва фарзандонашон ба чунин гурӯҳҳои иртиҷоӣ мепайванданд ва аҳли ҷомеа дар мавриди ақидашӯию мафкурасозии  чунин ҷавонон  аз оилаҳои зиёӣ лолу ҳайрон мемонанд.

Ё ба ақидаи дигар падар якумр  барои барқарорсозии  сохти конститутсионию пешгирии хатарҳои муосири терроризму экстремизм ва амнияти давлату миллат  қурбон гардидаю фарзанд ба муқобили ақидаи сиёсии ӯ амал мекунад.  Ин аст падидаи номатлуби хатари ифротгароӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ миёни насли ҷавони мо, ки ҳар як падару модар ва аҳли ҷомеаи шаҳрвандиро ба фикр кардан водор месозад.

Месазад, ки дар мавриди истифодаи телефонҳои мобилӣ, ки иқтидори хизматрасониашон фаррохтар аст ва фарзандони мо аксаран тавассути онҳо ба шабакаҳои интернетӣ пайвастанд бештару нозуктар назорат бурд. Зеро тибқи таҳлилҳои мутахассисон имрӯз дар Тоҷикистон зиёда аз 3 миллион аҳолӣ ба истифодаи шабакаҳои мухталифи интернетӣ дастрасӣ доранд. Ва аксари мушкилоти сиёсию амниятӣ тавассути истифодаи ғайримунсифонаи шабакаҳои интернетӣ дар кишвар рӯи кор меояд.

Мо тарафдори манъи истифодаи шабакаҳои интернетӣ нестем, вале вазъи ҳассоси ҷомеаи ҷаҳонӣ ва минтақа водор месозад, ки дар мавриди истифодаи шабакаҳои иҷтимоӣ худу фарзандонамонро ба назардошти арзишҳои фарҳангию миллиамон назорат кунем. Зеро истифодаи телефон ва фаъолият дар шабакаҳои иҷтимоӣ низ  метавонад ҷаҳонбинии васеи сиёсиро тақозо намояд ва назорати самараноки истифодаи он ҳам ба манфиати оилаву ҳам ба манфиати ҷомеа хоҳад буд.

 

Толибҷон Назарзодараиси   Кумитаи   иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg