БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ ВА ЭКСТРЕМИЗМ-ДОҒИ АСР

ВОКУНИШ. Терроризм содир намудани амалҳое  мебошанд, ки ба одамон хатари  марг ба миён  меоранд, истифодаи он мақсади ҷисман бартараф  кардани  рақиби сиёсӣ, вайрон кардани ҷисман бартараф кардани бехатарии ҷамъиятӣ, тарсонидани аҳолӣ ё расонидани таъсир барои аз тарафи ҳокимият қабул  кардани  қарорҳо мебошад.

Сиёсатшиносон  ва муҳаққиқон барон ақидаанд, ки терроризм ҳамчун ҳодисаи номатлуб ва таҳшатангезу фоҷеабор таърихи тўлонӣ дорад  ва  решаҳои он ба қаъри  асрҳо  мерасад. Дар таърихи ҷаҳон маълум аст, ки дар марҳалаҳои гуногуни террористон дар тамоми давлатҳо фаъолият доштанд. Ва ҳар замон бо содир намудани амалиёти  пурдаҳшат  ва кирдори ношоиста чеҳраи манфури худро нишон медиҳанд. Баробари пешрафти  замон ва илму техникаи муосир ру ба рушд оварда, ба дигаргунии авзои чаҳон террористон низ такмили амалиёт кардаву пештар мусаллаҳ шуда, кирдорхои худро густариш бахшиданд.

Мавриди қайд ва таассуф аст, ки террористон ва экстремистон дар ҳар давру замон дар байни ашхоси соҳибмансабон, сарватмандони бехирад ва гурўҳҳои ҷудогонаи ҷомеа тарафдорон ва сарпарастони худро доранд.

Дар замони мо ҷунбишҳои террористон дар минтақаҳои гуногуни дунё авҷ гирифта, хатари амалиётҳои зишти онҳо барои ҷомеаи ҷаҳонӣ зиёд афзудааст, ки ин хатари ҷиддист.

Террористон бо ҳамлаҳои идеологии худ ру ба ҷавонон оварда, ҷавонони нисбатан таҷрибаи кофи надоштаю зудбовару содалавҳҳоро ба доми худ дароварда, онҳоро ба содир кардани кирдорҳои бади зиёновар, аз қабили куштору сухтору худкушӣ мебаранд.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид ба ҷавонон муроҷиат карда гуфта буданд: “Терроризм ва экстремизм, аз як ҷониб чун вабои аср хатари глобалии ҷиддӣ буда, аз ҷониби дигар, аъмоли он гувоҳ аст, ки террорист ватан, миллат ва дину мазҳаб надорад, балки таҳдид ба ҷомеаи ҷаҳони ва ҷони ҳар як сокини сайёра аст”. Ин андешаҳои Пешвои миллат ба он равона шудааст, ки ҷомеъаи ҷаҳонро мебояд дар ин самт бо зиркаии сиёсӣ ба ин зуҳуроти номатлуб муборизаи дастаҷамъона барад.

   Экстемизм низ дар баробари терроризм боз як зуҳуроти хатарноки ҷомеъа буда бо ҳам алоқаи ногусастанӣ доранд. Мафҳуми калимаи экстремизм аз калимаи лотини гирифта шуда, ба маънои пайрави ба назария ва чорабиниҳои ифротӣ (хусусан дар сиёсат) ифротгароӣ, ифротталабӣ ё нафарони тарафдори ақидаи қатъии ифротӣ мебошад. Ифротгароӣ зуҳуроти аз ҷониби ашхоси ҳуқуқӣ ва воқеӣ дар шакли амалҳои воқеан ҷангаро инъикосёфтае  мебошад, ки ба беинтизомӣ тағири сохти кониститутсионӣ дар мамлакат, ғасби ҳокимият ва аз они худ кардани ваколатҳои он, барангехтани низоъи нажодӣ, миллӣ, ичтимоӣ ва динӣ даъват мекунад. (моддаи 3 қонун «дар бораи мубориза бо экстремизм».)

Миллати тоҷик таъми чунин зушҳуротҳоро солҳои навадуми садаи бистро хуб чашида, навъҳои гуногуни ифротгароӣ ё ифротталабиро на ин ки бо чашми сар дидааст, балки дар ҷисми худ санҷидааст.

Ҷалилов Исмоил, муовини раис- мудири шуъбаи ташкилӣ ва бақайдгирии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Вахш   

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg