БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДИИ ВАТАН ШУД НОМУСУ НАНГУ ИМОН…

АНДЕША. Дар Паёми навбатиашон Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон ба Маҷлиси Олии мамлакат солҳои 2019-2021-ро «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» эълон карданд.

Мақсади асосии эълон гардидани солҳои 2019-2021 «Солҳои рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ин амалигардонии талошҳои Ҳукумати Тоҷикистон ба хотири боз ҳам ободу зебо кардани Тоҷикистон ва ҳалли масъалаҳои иҷтимоии аҳолӣ бо роҳи беҳтар кардани инфрасохтори деҳот, пеш аз ҳама дар соҳаҳои маорифу тандурустӣ, таъмини ҷойҳои кори, таъмин кардани аҳоли бо оби босифати ошомиданӣ, бунёду таҷдиди роҳҳои маҳаллӣ, рушди инфрасохтори сайёҳӣ ва инкишофи ҳунарҳои мардумӣ ба талаботи муосир мутобиқ сохтани соҳаи хизматрасонӣ ва баланд бардоштани некуаҳволии мардум дар ҳар як деҳа ва маҳалли аҳолинишин мебошад.

Ба ин мақсад Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомали Раҳмон аз 23 то 24 майи соли 2019 бо сафари кори дар ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ташриф оварданд. Пешвои миллат муҳтарам Эмомали Раҳмон аз иншоотҳои маданиву маишӣ ва иҷтимоие, ки дар деҳаҳои Пушинг, Ғарғара ва Лолазор сохташуданд  дар маросими ифтитоҳи онҳо ширкат варзиданд.

Дар деҳаи Пушинг роҳ аз деҳа то ноҳияи Данғара 18км аст, ки бо дастгирии соҳибкорон бунёд гардида ва мумфарш карда шудааст. Ҳамзамон дар деҳаи Пушинг мактаби замонавӣ барои 1520 хонанда, маркази саломатӣ, таваллудхонаи муосири замонавӣ, боғи фарҳангию фароғатӣ, варзишгоҳ бо 2500 ҷойи нишаст, барои ҳисси баланди ватандӯстиву ватанпарастӣ маҷмааи калони Парчами миллӣ ва Нишони давлати дар масоҳҳати  2,5га, 18 дукон дар майдони варзиши барои фуруши ҳунарҳои мардумӣ сохта ба истифода дода шуданд.

Қабули «Барномаи ислоҳоти соҳаи оби Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2016-2025», ки ҳадафи асосии он гузариш ба идоракунии муосири захираҳои об дар кишвар ба ҳисоб меравад, иқдоми саривақти буда, яке аз масъалаҳои асосие ки таваҷҷуҳи махсусро талаб менамояд, таъминоти аҳоли бо оби босифати ошомидани мебошад. Зеро об сарчашмаи ҳаёт ва манбаи асосии саломатии инсон мебошад.  Дар деҳаи Пушинг оиди ҳалли мушкилоти оби ошомидани 5 чоҳ канда шудааст ва дар 2 ҳавз барои оби нушоки ва обёри кардани маҳсулоти кишоварзӣ захира гардидааст. Ҳамзамон дар деҳаи Пушинг филиали Амонатбонк барои 10 ҷойи корӣ, кошонаи ҳусн, тарабхона, мағоза, мағозаи молҳои рузғор хулоса 100 нафар сокинони деҳа ба ҷойи кори доимӣ таъмин гардиданд. Дар деҳаи Ғарғара бошад меҳмонхонаи замонавӣ ба фаъолияти шабонарӯзӣ барои сайёҳон аз тарафи соҳибкор бо сатҳу сифати баланд ба кор оғоз кард. Сокинони деҳаҳои Пушинг, Ғарғара ва Лолазор бо шукргузорӣ аз созандагию бунёдкорӣ ба Пешвои миллат изҳори миннатдорӣ карданд.

Сокинони меҳнатқарини ноҳияи Данғара дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат саҳми арзандаи худро гузошта истодаанд.

Пешвои миллат дар Паёми имсолаашон қайд карданд, ки бо арзи эҳтирому самимият ва миннатдорӣ ба мардуми шарифи Тоҷикистон, аз ҷумла соҳибкорону тоҷирон ва дигар шахсони хайрхоҳу ҳимматбаланд барои ташаббусҳои созанда, мехоҳам як нуқтаро таъкид намоям, ки ба раванди созандагии Ватан ҳар як шаҳрванди бонангу номус бояд саҳмгузор бошад ва ҳар фарди ҷомеа бояд касбу ҳунаре дошта бошад, ки аз он зиндагии худро пеш барад. Ин суханони Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро соҳибкорону тоҷирон, шахсони хайрхоҳ, ҳимматбаланд ва ба нангу номуси ноҳияи Данғара ба инобат гирифта, деҳаи Пушингро ба зеботарин деҳаи Тоҷикистон мубадал гардониданд.

Боварии комил дорем, ки сокинони дигари ҷумҳурӣ мисли сокинони заҳматқарину ватандӯсти ноҳияи Данғара дар партави сиёсати хирадмандонаву созандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон камари ҳимат мебанданд ва ба комиёбиҳои бештар ноил гардида, ҷашни 30 солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистонро сазовор пешвоз мегиранд.   

Гадоӣ  Сайдалиев, мудири шуъбаи таблиғот, иттилоот ва  матбуоти  КИ ҲХДТ  дар  ноҳияи Мир Сайид   Алии   Ҳамадонӣ                                    

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg