БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБ ИДОМАБАХШИ ЗИНДАГИСТ!

АНДЕША. Об ин оғози зиндагӣ, оғози гулгулшукуфоиҳо ва пешравии ҳаёти оламу одам буда, бе об ягон махлуқро тасаввур кардан гайриимкон аст.

Об-моддаи ниҳоят зиёд  паҳншуда буда,  қариб 3\4 фоизи рӯи заминро иҳота кардааст. Дар табиат об ба ҳолати сахт, моегӣ ва газӣ  мавҷуд буда, дар намуди абр, буғ, туман, ях, барф ва борон мушоҳида мешавад. Мувофиқ ба фаҳмишҳои ҷадид пайдоиши ҳаёт низ бо об вобастагӣ дорад ва дар ҳар намуди организм ҷараёни кории равандҳои химиявиро барои зиндагонӣ об  таъмин мекунад.

 Дар табиат об нақши ниҳоят муҳимро иҷро намуда, шароити мусоиди ҳаётиро барои растанию ҳайвонот ва микроорганизмҳо фароҳам меоварад. Мавҷудияти обро дар биосфера на танҳо дар обанборҳо, балки дар тамоми мавҷудоти зинда, махсусан дар организми одам  низ мушоҳида кардан мумкин аст ва қариб 80% -и ҷисми одамро об ташкил кардааст. Дар ҳолати аз ҳамин миқдор 10-20% кам шудани об дар организми одам ба марг оварда расониданаш мункин аст.

Об идомабахши зиндагӣ дар рӯйи замин ба ҳисоб меравад. Ҳатто шароити иқлимии кураи замин низ аз об вобастагӣ дорад. Обҳои рӯйи  заминӣ метавонанд ҳарорати гармиро ба худ ҷабида гиранд ва ё шароити иқлимро муътадил нигоҳ доранд. Сардиҳои кайҳониро, ки ба самти  замин меоянд молекулаҳои оби дар намуди абрбуда ҳимоя мекунанд.

Дар бисёр дину мазҳабҳо одамон обро мавҷуди муқаддас ҳисоб мекунанд ва барои таскин бахшидан ба бадану нафс онро истифода ва истеъмол мекунанд.

Хушбахтона, дар Ҷумҳурии Тоҷикистон захираи обҳои ошомиданӣ ниҳоят зиёд буда, барои покиза нигоҳ доштани он ҳар як шаҳрванд бояд саҳми босазои худро гузорад.
Муҳофизат намудани об аз партовҳои бегона - ин муҳофизат намудани ҳаёт, саломатӣ ва тоза нигаҳдории зебоии муҳити зисти мо мебошад.

Аммо, мутаасифона дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон мушоҳида мегардад, ки об бе сарфакори мавриди истифода қарор гирифта, беқадрии он аз тарафи бархе сахлангорон нодида гирфита мешавад, ҷӯйҳову рудҳоро ифлос мекунанд. Онҳо фикр намекунанд, ки дар ҷойҳои поёноб аз обҳои ин рудҳо истифода мебаранд. Аз ин рӯ мо бояд ҳатман ба қадри об расида, аз як гиребон сар бароварда сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулху вахдати милли, Пешвои муаззами миллат, ки аз минбари баланди маҷмааи СММ бо баромади пурмуҳтаво баромад карда, солҳои 2018-2028-ро соли даҳсолаи байналимллали «Об барои рушди устувор» эълон кард, ки ин пешниҳоди Сарвари Тоҷикони дунё аз ҷониби маҷмааи Созмони миллали муттаҳид ва кули аъзоёни ин созмони бонуфуз ҳамаҷониба дастгирӣ ёфта, ҳаматарафа дастгирӣ намоем.

 

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg