БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАДАМИ МУБОРАКИ ПЕШВОИ МИЛЛАТ ФАЙЗУ БАРАКАТ МЕОРАД!

АНДЕША.Зимни сафари корӣ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳияи Данғараи вилояти Хатлон ва дар мулоқот бо аҳли ҷамоатчигии вилоят рӯзи 24.05.2019 оиди тараққиёт ва рушди тамоми соҳаҳои иқтисодиёту иҷтимоиёти вилоят,омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 30-солагии истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, вусъат бахшидан ба корҳои ободониву созандагӣ дар доираи солҳои 2019-2021 эълон гардидани «Соли рушди деҳот, сайёҳи ва ҳунарҳои мардумӣ» ибрози ақида намуданд. Инчунин риояи қонунҳои милли Ҷумҳурии Тоҷикистон  «Дар бораи танзиму анъана ва ҷашну маросимдар Ҷумҳури Тоҷикистон» ва  «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд»- ро таъкид намуда, сарфаю сариштакорӣ, дастгирии оилаҳои ниёзманд, ятимону маъюбонро вазифаи инсони комил арзёби намуда, тарбияи фарзандон, пешгирии шомилшавии ҷавононро, ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ- экстремистӣ ба ҳар як оила, дар  маҷмӯъ вазифаи аҳли ҷомеа маҳсуб донистанд.

Созандаю бунёдкорӣ  мароми ҳамешагии ҲХДТ мебошад. Дар ин самт дар доираи аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем” дар ноҳияи Фархор ҳизбиён аз рӯйи дастуру супоришҳои Пешвои миллат амал намуда, корҳои созандагиро идома мебахшанд.  

Дӯстов Рустамҷон, муовини раис - мудири шуъбаи ташкилии

Кумитаи иҷроияи ҲХДТдар ноҳияи Фархор

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg