БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОБОДОНИИ ВАТАН ДАР ДАСТИ ХУДИ МОСТ ВА ОНРО БА ҶОЙИ МОВУ ШУМО КАСИ ДИГАР ОБОД НАМЕКУНАД

АНДЕША. Дар  доираи  нақшаи  чорабиниҳо  оид  ба татбиқи  амалисозии  корҳои  созандагию ободонӣ ба  муносибати ҷашни 30- солагии Истиқлолияти  давлатӣ,  Асосгузори  сулҳу  ваҳдати  миллӣ-Пешвои  миллат, Президенти  Ҷумҳурии  Тоҷикистон  муҳтарам  Эмомалӣ  Раҳмон  бо  мақсади  шиносоӣ  бо  сохтмон ва таъмиру  тармими  иншоотҳои  таъиноти  иҷтимоӣ  ба  деҳоти  Пушинги  ноҳияи  Данғара  сафари  корӣ  анҷом  дода,  аз  рафти  амалигардонии  Соли  рушди  деҳот  ва  ҳунарҳои  мардумӣ дидан  намуданд.

Дар  ин  деҳот  даҳҳо   иншоотҳои  гуногуни  маданию иҷтимоӣ  бунёд  гардида  симои  деҳот  хеле  зебову хуррам  гардида, некуаҳволии  мардум баланд  бардошта  шудааст. Дар  деҳоти  мазкур  ба мақсади  боз  ҳам  обод  намудан ва   ҳалли  масъалаҳои  иҷтимоии  аҳолӣ  инфрасохтори соҳаи маориф, тандурустӣ,  таъсиси  нави  ҷойҳои  корӣ, таъмини  аҳолии  деҳот  бо  оби   босифати  ошомиданӣ, бунёду  таҷдиди  роҳхои  маҳалла, рушди  инфрасохтори  сайёҳи  корҳои  назаррасе  ба  анҷом  расонида  шудааст.  Аз  ҷумла   боғи  Парчами  давлатӣ  ва  Нишони  давлатӣ  бунёд  гардида    ҳусни  деҳоти  мазкурро  хеле  зебову  гувора  намудаанд.  Дар  ин  деҳот  14  км.  роҳи   пайвасти   деҳот  то  маркази  ноҳия  мумфарш  карда  шуда,  роҳхои  кӯчаҳои  байни  деҳаҳо  мумфарш  карда  шудааст. Қайд  кардан  бо  маврид  аст, ки  ҳамаи  ин  ободониҳо  аз  ҳисоби  соҳибкорони  маҳаллӣ  бунёд шудааст.

Аз  ин  рӯ  ҳар  як  сокини  ҷумҳурӣ  бахусус  соҳибкорону  тоҷирон ва  дигар  шахсони  хайрхоҳи  бо нангу  ори  ҷумҳур аз  ин  амали  соҳибкорони  деҳоти  Пушинг  ибрат  гирифта,  барои   вусъат  бахшидан ба  корҳои  ободониву  бунёдкорӣ, рушди  инфрасохтори  деҳоти  худ саҳмгузор  бошанд.

Пешвои  миллат  дар  Паёми  навбатии худ  қайд  намуданд, ки  «…Мо ҳар  амали  некеро, ки  ба шукронаи  истиқлолияту озодӣ ва  соҳибватаниву соҳиблавлатӣ  анҷом медиҳем, барои  худамон, фарзандонамон,наслҳои  ояндаамон, Ватани азизу маҳбубамон-Тоҷикистон  мекунем, зеро  ин  Ватан ва  ин  давлат аз худи  мост  ва  онро  ба  ҷои  мову  шумо каси  дигар намекунад».

Аз  ин  ҷиҳат  ҳар  як  фарди  бонангу  ори  ҷумҳурӣ  бахусус  соҳибкорону , тоҷирони  Ватанро  зарур  аст, ки  бо  ҳисси  баландӣ  миллӣ, худшиносиву  худогоҳи. Ватандӯстиву  ватанпарастӣ  ва  садоқат  ба  ин  Втану  миллат,  барои  ободии  маҳалли  худ,  деҳоту  шаҳри  худ  ҳиссагузор бошанд. Барои   ҳар  як  шахсе, ки  мехоҳад  қобилияту  истеъди  худро  амалӣ гардонад далат  ҳамаи  шароити  мусоидро  фроҳам  овардааст.

Таҷрибаи  соҳибкорону  сокинони  деҳоти  Пушинг –и  ноҳияи  Данғара  боиси  дастгири  буда, ҳар  як  фарди  ватандустро водор  месозад, ки  дар  ободонию  бунёдкории деҳаю Маҳаллаи худ  ташаббускор  бошему, барои  ояндаи  неки  фарзандонамон  дар  ободии   Ватан саҳми,  босазои  худро гузоем.

Раҳмон  Муродов, мудири  шуъбаи таблиғот,  иттилоот ва матбуоти КИ ҲХДТ дар  ноҳияи Носири  Хусрав

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg