БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ДӮСТ ДОШТАНИ ВАТАН АЗ ГӮШАИ ИМОНДОРӢ АСТ!

АНДЕША. Тайи солҳои охир нерӯҳои хатарҳои ифротгаро ва ҳизбу ҳаракатҳои террористию экстремистӣ баҳри бароварда сохтани хостаҳои муғризонаи хеш аз роҳу равишҳои ҳархелаи идеологию тарғиботӣ истифода бурда истодаанд. Аз ин рӯ ҳар як нерӯи солимфикри ҷомеаи имрӯзаро мебояд, ки бо андешаю  мақолаҳои пурмуҳтавою нишонрас ба ин сафсатаҳои  пучу холи ин ифротиён посухҳои сазовор бидиҳанд, зеро ҳифзу ҳимоя ва дӯст доштани  Ватан аз гӯшаи имондорӣ аст.

Мутаасифона, имрӯзҳо дар ҷомеаи мо нафароне ҳастанд, ки ба  волотарин неъмат, Истиқлолияту Ваҳдат носипосӣ ва намакнашносӣ намуда, ба ҳар гуна гурӯҳу созмонҳои ифротгаро  шомил мешаванд. Бо чунин амалу кирдорҳояшон ояндаи худ ва наздиконашонро зери хатар мегузоранд. Бадбахтона , ин равияҳо ва созмонҳои ифротгаро ҷавононро дар рӯҳияи инсонбадбинӣ, зуровариву таҷовузкорӣ, таҳдиди нобуд сохтани молу амволи одамон, ба миён омадани оқибатҳои барои ҷамъият хавфнок ва дар маҷмӯъ, халалдор  намудани амнияти ҷамъият тарбия менамоянд. Ин ашхос ба ҳар роҳу восита мехоҳанд, ки оромиву  осоиштагии сокинони сайёраро халалдор созанд.

Яқинан, ҳар фарде, ки дар ҳар амале дилу нияти пок надошта бошад ҳеҷ гоҳ ба мақсадаш намерасад. Дар ҳама давру замон сафеди бар сиёҳӣ, некӣ бар бадӣ, рушноӣ бар зулмот ғолиб мебароянд. Дар ин давом ҷавонону наврасони  зодаи истиқлолиятро  мебояд аз чунин гурӯҳу равияҳои тундраву тундгаро дурӣ ҷуянд ва сади роҳи ин гуна равияҳои  номатлубро гиранд ва дар навбати худ ташабускори амалҳои созанда бошанду таъкидҳои пайвастаи падаронаи Пешвои муаззамамонро ба хуби дарк намуда ба омӯхтани илму касб ҳамеша талош варзанд.

Мо насли калонро мебояд бо масъулияти баланд ҳама ба тарбияи  ҷавонон машғул шавем ва нагузорем, ки онҳо фирефтаи доми аҷнабиёну хоинон гашта, шомили гурӯҳҳои  ифротӣ гарданд. Чуноне, ки Пешвои муаззами миллат таъкид медоранд «Мо бояд барои ҷавонон чунин шароите муҳайё созем ва онҳоро тарзе тарбия кунем, ки фарзандони мо дар зиндагӣ роҳи дурустро интихоб намоянд, илму донишҳои муосирро аз худ кунанд, касбу ҳунарҳои  замонавиро  омӯзанд ва оянда  мақоми арзандаи худро дар ҷомеа соҳиб шаванд».

Шарифзода Лутфия,  узви гурӯҳи вакилии ҲХДТ дар                                      Маҷлиси вакилони халқи ноҳияи  Мӯъминобод                                

                                     

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg