БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ТЕРРОРИЗМ- ЭКСТРЕМИЗМ ҲАМЧУН ТАҲДИД БА АМНИЯТИ УМУМИҶАҲОНӢ

Имрўз терроризм ва эктремизм ҳамчун вабои аср ба амнияти ҷаҳон ва ҳар як сокини сайёра таҳдид карда, барои башарият хатари на камтар аз силоҳи ядроиро ба миён овардааст.

Эмомалӣ Раҳмон

АНДЕША. Терроризм ва экстремизм ҳамчун як зуҳуроти зишттарин дар ҷомеаи инсонӣ таърихи дуру дароз дорад. Аммо он дар охири асри XX дар ҳошияи равандҳои ҷаҳонишавӣ босуръат ташаккул ва рушд ёфта, алҳол барои аксар кишварҳои ҷомеаи ҷаҳонӣ ба яке аз хатарҳои мудиҳштарин табдил ёфтааст. Ин зуҳуроти номатлуб минтақаҳои зиёди оламро валангор сохта, одамони зиёдро аз ҷои зисти аҷдодии худ маҳрум намуда, амалҳои пастарину зишти номатлубро ба насли инсон раво мебинад. Аз ин лиҳоз, Пешвои миллат дар ҳар як суханрониҳояшон аз минбарҳои баланди созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ ҳамеша ин зуҳурот ва ё пешаи аҳриманиро, ки  дар аксари минтақаҳои Осиёву Африка ва Аврупову Америка доман густурда, ба мисли вабои сироятбор, ҳамарўза ҳудуди маргбори худро паҳн мегардонад, маҳкум намуда, аз ҷаҳониён даъват ба амал меоранд, то бар зидди ин зуҳуроти номатлуб муборизаи беамон баранд.  

Дар ҳаққиқат, ин таҳдиду хатарҳо ва амалҳои зишти гурўҳҳои террористию эктремистӣ пешгирӣ карда нашаванд, метавонанд сабабгори нооромиҳои сиёсиву иқтисодӣ ва халалдор сохтани амнияти умумибашарӣ гардида, фарҳанги минтақаҳои гуногунро коста гардонад. Тоҷикистон барои вокуниши саривақтӣ ба таҳдиду хатарҳои умумиҷаҳонӣ ва баҳри боз ҳам мустаҳкам намудани иқтидори муносибатҳои дохиливу хориҷии худ тадбиру чораҳои муассир меандешад.

Бо ин мақсад дар ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид, Иттиҳоди Аврупо, Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ва дигар шарикони рушд 25 майи соли 2018 дар Душанбе «Конфронси байналмилалии сатҳи баланд дар мавзўи муборизаи муштарак бо терроризму ифротгароӣ ва тундгароии хушунатомез» доир гардид, ки меҳмонони зиёде дар он ширкат доштанд. Тибқи маълумоти сарчашмаҳои боэтимоди байналмилалӣ айни ҳол дар ҷаҳон тақрибан 500 ташкилоти террористӣ амал мекунад, ки дорои шабакаи фаромилӣ ва муташаккили сохторӣ мебошанд.

Мувофиқи маълумотҳо дар дунё аз соли 1968 то соли 1980 зиёда аз 6700 амалҳои террористӣ гузаронида шудааст, ки дар онҳо 3668 нафар ҳалок гардиданд,  дар солҳои 1982 то 2002 дар ҷаҳон наздики 300 амалҳои террористӣ аз ҷониби террористони худкуш аз тараф 11 ташкилот роҳандозӣ карда шудааст, ки дар натиҷа беш аз 3000 нафар ба ҳалокат расидаанд. Дар соли 2005 дар ҷаҳон 11111 амалиёти террористӣ ба қайд гирифта шудааст, ки бар асари онҳо 16.6 ҳазор кушта шудаанд. Дар соли 2011 дар маҷмўъ дар 70 давлати ҷаҳон зиёда аз 10 ҳазор амалҳои террористӣ ба вуқўъ пайваста, дар натиҷаи онҳо зиёда аз 12,5 ҳазор одамон ҷон бохтаанд. Ин рақамҳо аз он шаҳодат медиҳад, ки терроризм ҳамарўза домани нопок ва ғаразноки  худро васеъ намуда истодааст. Он ҳодисаҳои нохуше, ки аз ҷониби террористон анҷом додашудааст аз ёди аҳли башар ҳеҷгоҳ фаромӯш нахоҳад шуд, дар мисоли он ки: 14-15 майи соли 1974 амали террористӣ дар Исроил, ки боиси марги 25 нафар ва захмдоршавии 66 нафар гардид; 24 марти соли 2001 дар сарҳади Русияву Чеченистон автомобил тарконида шуд, ки дар натиҷа 20 нафар ҳалок ва 100 нафар захмӣ гардиданд; 26 ноябри соли 2008 дар Ҳиндустон (Тоҷмаҳал) амали террористии хеле даҳшатнок рух дод, ки дар натиҷа тақрибан 166 нафар фавтида, зиёда аз 600 нафар захмӣ гардиданд; 16 декабри соли 2014 дар Пешовар, воқеъ дар шимолу ғарби Покистон, дар муассисаи таълимӣ амали террористӣ анҷом дода шуд, ки дар ин амали террористӣ, 147 нафар кушта шуд ва аксарияти онҳоро кудакони ташкил медоданд; амали террористии рӯзи 11 сентябри соли 2001 дар ИМА баамаломада дар таърих яке аз даҳшатноктарин мебошад, ки дар натиҷаи он зиёда аз 2993 нафар ҷони хешро аз даст доданд ва тақрибан 8900 нафар ҷароҳат бардоштанд.

Лозим ба ёдоварист, ки мувофиқи таълимоти дини ислом ва китоби бузурги он «Қуръон» куштани инсон ва рехтани хуни ноҳақ бисёр гуноҳи азим аст. Чуноне, ки Худованд мефармояд «Ҳар инсоне, ки бадқасдона инсонеро мекушад ҷояш ҷаҳаннам буда, дар он ҷо то абад хоҳад монд» Аллоҳ бар ў ғазаб ва лаънату нафрин карда, барояш азоби алимро муқаррар мекунад. (Қуръон 4, 93).

Пешниҳоду андешаҳое, ки дар поён оварда шудааст, агар амалӣ карда шаванд барои аз байн бурдан ва паст кардани хатари гурӯҳу ташкилотҳои террористӣ-экстримистӣ мусоидат мекунад:

  • Давра ба давра зиёд намудани ҷойҳои корӣ дар муассисаҳои фарҳангию, фароғатӣ, варзишӣ, клубҳо барои ҷавонон ва наврасон.
  • Роҳандозӣ намудани чорабиниҳои тарбиявӣ-фаҳмондадиҳӣ дар байни волидайн.
  • Ба танзим даровардани раванди муҳоҷирати меҳнатӣ, беҳтар кардани фаъолияти хадамоти муҳоҷират, омода намудани муҳоҷирони корӣ ба талаботи бозори меҳнат.
  • Мубориза бо фасодӣ ва ришвахурӣ дар ҳама сохторҳои давлатӣ, махсусан дар муассисаҳои таълимӣ.
  • Баланд бардоштани масъулияти падару модар ва назорати ҷиддӣ аз болои фарзандон.
  • Назорати ҷиддӣ аз болои фаъолияти шабакаҳои иҷтимоӣ.
  • Ҳамкории аҳоли бо мақомотҳои ҳифзи ҳуқуқ ва эътимод байни онҳо.
  •  Ҳамоҳангсозии тарбияи ахлоқии ҷомеа бо тарбияи ҳуқуқӣ.
  •  Муборизаи тамоми қишри ҷомеа алайҳи терроризм, экстремиз.
  •  Баланд бардоштани сатҳи дониши динӣ, дунявӣ ва маърифати ҳуқуқӣ.
  • Дуруст ба роҳ мондани тарбияи оилавӣ.
  •  Мукаммал гардонидани фарҳанги иттилоотии аҳолӣ.

Халқи тоҷик аз азал халқи дорои таъриху фарҳанги ғанидошта маҳсуб ёфта, дар ягон давру замон истиқлолият ва ваҳдати ҳеҷ давлатеро халалдор насохтаанд, аммо ҳамеша баҳри пос доштани таъриху фарҳанг ва ҳифзи истиқлолияту ваҳдат ҷонбозиҳо намудаанд.

Мо, ҷавонони тоҷикро мебояд, ки дилдодаи ваъдаҳои бардурўғи ҳеҷ як хоҷаҳои хориҷӣ нашавем ва чун фарзандони баруманди ниёгонамон ватани аҷдодии худ - Тоҷикистонро, агар лозим бошад, бо сипар кардани ҷон ҳифз намоед.

Бадалов Исфандиёр, узви ҲХД, шаҳри Кӯлоб

 

 

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg