
ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар ташкилоти ибтидоии «Маркази санитарию эпидемологӣ»-и ноҳияи Ҳамадонӣ хониши сиёсӣ оид гузаронида шуд.
Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия Давлатҷон Ғаффорзода дар назди ҳозирин баромад намуда, оид ба масъалаҳои тозагии муҳити зист, баланд бардоштани маърифати санитарию эпидимиологӣ ва бехатарии озуқаворӣ бо ҷамъомадагон андешаронӣ карда, қайд намуд, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба солимии ҷомеа диққати махсус дода, инфрасохтори муассисаҳои тиббӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолиро таҳким бахшида истодааст.
Дар иҷрои амалии Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» кормандони Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳия бо иштироки кормандони Маркази санитарию эпидимиологӣ аз бозори Марказии ноҳия оид ба риоя кардани вазъи санитарӣ дидан намуданд.