БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҚАДРДОНИИ ДАСТОВАРДИ ВАРЗИШГАР АЗ ҶОНИБИ ҲХДТ!

ЛЕВАКАНТ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар арафаи баргузории чорабиниҳо бахшида ба Рӯзи ҷавонон бо ташаббуси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант модари Бахтовар Абдуллоев, ҷоизадори мусобиқаи байналмиллалӣ оид ба гӯштини тарзи самбои муҳорибавӣ, ки айни ҳол дар Федератсияи Русия қарор дорад, даъват карда шуда, бо Сипосномаву туҳфаҳои Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант тақдим карда шуд.

Ватанзода Сайҷаъфар раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Левакант зимни суҳбат миннатдории хешро ба Нигина Абдуллоева изҳор дошта, қайд намуд, ки дастоварди Бахтовар Абдуллоев воқеан боиси сарбаландии ҳар сокини кишвар мебошад. Мо аз доштани чунин ҷавонони бонангу номус, ки бо шарофати онҳо Парчами миллии мо дар сатҳи байналмиллалӣ парафшон мешавад,  ифтихор мекунем.

 

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg