БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

РОҲСОЗИ САВОБИ ҶОРИЯ АСТ!

ВАХШ. Ба истиқболи сазовори ҷашни 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ. Дирӯз  дар ташкилоти ибтидоии «Сафедоб»-и ҷамоати деҳоти 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон оид ба самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ раиси Кумитаи иҷроияи ноҳиявии ҲХДТ Маҳмадов Одилҷон  ва дигар шахсони даъватӣ иштирок дошта, доир ба сиёсати хирадмандонаи Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон  ва ҳадафҳои барномавии он андешаронӣ карда, аз ҳамагон ҷиҳати амалигардонии дастуру супоришҳои Роҳбарияти Олии ҲХДТ ва таҷлили сазовори 30-солагии Истиқлолияти давлатӣ  даъват ба амал овард.

Ҳамзамон Аксияи ҳизбии «Якҷоя ҳал мекунем!» бо ҷалби сокинони ватандӯст як қисмати роҳи маҳалла  сангфарш карда шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg