БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ШАХСОНИ НИЁЗМАНДИ ҶОМЕА АЗ ҶОНИБИ ҲИЗБИЁН ДАСТГИРӢ МЕЁБАНД

ХОВАЛИНГ. Дар доираи Соли баландбардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Масъулини Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ховалинг ҷиҳати баланд бардоштани донишҳои сиёсӣ ва фарҳангии ҳизбиён дар ташкилоти ибтидоии ҳизбии “Беҳдоштӣ” доир ба  самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ хониши сиёсӣ доир намуданд.   

Масъулини ҳизби дар назди ҳозирин баромад намуда, оиди ҳадафҳои стратегии мамлакат, аз он ҷумла таъмини амнияти озуқаворӣ суханронӣ намуданд ва аз масъулини ин ташкилот даъват ба амал оварданд, ки ҷиҳати аз бозорҳо баровардани маҳсулотҳои пастсифат, муҳлатгузашта, ки ба саломатии мардум зарар дорад таъкид намуданд.

Баъдан дар доираи талаботи Аксияи ҳизбии “Якҷоя ҳал мекунем!”   аз тарафи ҳизбиёни ин ташкилоти ибтидоӣ ба як нафар маъюб Мухтор Наимов кӯмаки молиявӣ расонида шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg