БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

МО ҶАВОНОН ПАЙРАВОНИ ПЕШВОИ МИЛЛАТЕМ!

ҲАМАДОНӢ. Дар доираи Соли баланд бардоштани масъулияти шаҳрвандӣ. Дар муассисаи таълимии  ғайридавлатии Коллеҷи тиббии  ноҳияи Ҳамадонӣ оид ба тадбиқи самтҳои афзалиятноки фаъолияти ҲХДТ вохӯрӣ   баргузор  гардид.

Раиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Ҳамадонӣ Давлатҷон Ғаффорзода зимни баромад дар бораи дастуру супоришҳои мақомоти болоии ҲХДТ, оид ба сиёсати ҷавонпарваронаи Пешвои миллат, Президенти  кишвар  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон суханрони карда, қайд намуд, ки имрӯзҳо  ҷавонони  дар  сафи  ҲХДТ  шомил  буда,  тавониста истодаанд,  ки  дар  ҳамаи маъракаҳои  сиёсӣ, маърифатӣ ва фарҳангӣ  фаъолона ширкат  варзида,  дар  рушди  ҳаёти  ҷамъятию  сиёсӣ  низ  саҳми  арзандаи  худро  гузоранд.

Баъдан чанде аз ҷавонон дар  навбати  худ  ба  сухан  баромада, ваъда  доданд,  ки  минбаъд  низ  бо  баҳои  хубу  аъло  таҳсил  карда,  ба  Ватани  азизамон  хизмат  хоҳанд  кард. 

Дар охир  ба  6 нафар  донишҷӯёни  фаъоли  Коллеҷи  тиббӣ  аъзои  фаъоли намояндагии ТҶҶ “Созандагони Ватан”  Сипосномаи  Кумитаи иҷроияи   ҲХДТ  дар  ноҳия  супорида  шуд.

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg