БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ОШУБИ АЪЗОИ ТАШКИЛОТИ ТЕРРОРИСТӢ-ЭКСТРЕМИСТИИ ҲНИ-РО МАҲКУМ МЕКУНЕМ!

ВОКУНИШ. Ҳодисае, ки рӯзи 19 майи соли 2019 тақрибан соатҳои 21:30 дақиқаи вақти маҳалли рухдода дар муассисаи ислоҳии 3/2-и Сарраёсати иҷрои ҷазои ҷиноятии Вазорати адлия воқеъ дар шаҳри Ваҳдатро, аз тарафи маҳбусоне, ки бо ҷурми терроризму экстремизм ва пайвастан бо ташкилотҳои террористӣ-экстремистӣ ба ҷавобгарии ҷинояти кашида шуда буданд, ва роҳбари бевоситаи он, Беҳрӯзи Гулмурод -писари собиқ полковники хоин Гулмурод Ҳалимов, ки дар Сурия кушта шудааст анҷом дода шудааст, сахт маҳкум мекунем.

Ин амалӣ ноҷавонмардонаи аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстримистӣ ҲНИ дар моҳи шарифи Рамазон бори дигар дар назди халқи тоҷик собит сохт, ки ин гуруҳ киҳо ҳастанд ва чӣ мехоҳанд, ҳол он, ки  мардуми ватандӯстӣ тоҷик фаҳмаидаанд, ки ташкилоти террористӣ-экстримистӣ ҲНИ аз аввали фаъолияташон пинҳонӣ бо гуруҳҳои   ифротгаро ҳамдастӣ доштанд, мардумро бо роҳи фиребу найранг ба доми гурӯҳҳои муташаккили террористӣ ҷалб менамуданд, аммо имрӯзҳо ҳама ин кирдорҳои хоинонаи онҳо  рӯи об хеста ва мардум медонад наҳзатиҳо киҳо ҳастанд.

Дар воқеъ боиси тааҷҷуб аст, ки ин қабил афрод бо ин ҳама носипосиву риёкорӣ ва фитнаангезӣ ва иғвогарӣ ҳанӯз ҳам худро ҳомии миллат, дину мазҳаб ва одобу ахлоқи исломиву арзишҳои инсонӣ муаррифӣ кардан мехоҳанд.

Ин ҳодиса  мо ҷавононро масъул менамояд, ки баҳри рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон, ҳифзи марзу буми ватани биҳишосоямон ва  нигоҳдории амнияти кишвар саҳми беандоза гузорем. Мо бояд бо дарки баланди масъулиятшиносӣ ба Ватану миллати худ содиқона хизмат намоем.

Мо ҷавонон ин амалӣ ноҷавонмардонаи аъзоёни ташкилоти террористӣ-экстримистӣ ҲНИ – ро маҳкум намуда, барои мубориза бар зидди гурӯҳҳои ифротӣ доимо омода ҳастем ва намегузорем, ки ҳар ватанфурӯше ё хоине ба мисли наҳзатиҳои дайду бо иғвою дасисабозиашон ба сулҳу субот ва рушду нумӯи кишвари азизамон Тоҷикистон чашм ало кунанд.

Шеров Сунатулло, мудири шуъбаи таблиғот,  иттилот ва матбуоти Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар ноҳияи Кушониён

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg