БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

ҶАВОНОНРО АЗ ШОМИЛШАВӢ БА ҲАР ГУННА ҲИЗБУ ҲАРАКАТҲОИ ИФРОДГАРОӢ ПЕШГИРИ БОЯД КАРД

ВОКУНИШ. Сарвари давлатамон ҳамчун сиёсатмадори барҷаста аввалин шуда аз минбари СММ на танҳо дар масъалаи об, балки дар мавриди  терроризм ва таҳдидҳои он ба ояндаи инсоният ибрози андеша намуданд. Воқеаҳои Сурия, Ливия, Ироқ, Яман ва Афғонистон дурӯстии пешбиниҳои ҳушдорисозандаи Сарвари кишварамонро исбот намуданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз 8 декабри соли 2003 дар бораи мубориза бар зидди экстремизм (ифродгароӣ) ва қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи мубориза бар зидди терроризмро қабул намудааст. “Стратегияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2016-2020” моро водор мекунад, ки дар ин самт корҳои фаҳмондадиҳӣ ва чорабиниҳои тарбиявию маърифатиро ба роҳ монда ҷавонону мутахассисони ватандӯст ва худогоҳро ба камол расонем.Зеро душманони миллат, ташкилоту гурӯҳҳои экстремистӣ ба ҳар роҳ мехоҳанд, ки ҷавононро ҳамчун қишри осебпазири ҷомеа ба доми худ кашанд.

Ҳукумати Ҷумҳурӣ дар доираи тадбиқи “Стратегияи миллии Тоҷикистон дар муқовимат ба терроризм ва экстремизм” ҷиҳати пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои террористӣ мунтазам тадбирҳои амалӣ меандешанд. Аз ин лиҳоз мо бояд дар ҷавонон ҳисси масъулиятшиносӣ, таҳаммулпазирӣ, андешаи солим, маърифати ҳуқуқиро ташаккул диҳем. Мо бояд хуб дарк кунем, ки ташкилоту гурӯҳҳои террористӣ дар амалисозии ниятҳои ғаразнокӣ бештар ба ҷавонон такя мекунанд.

Сабаби асосии ба ин гурӯҳҳо шомилшавии ҷавонон ба ақидаи таҳлилгарон пеш аз ҳама дар он аст, ки ҷавонон зиракии сиёсиро аз даст дода, ба зудӣ фирефтаи ваъдаҳои бардуруғи ин гурӯҳҳо мегарданд. Чуноне ки аз расонаҳои хабарӣ мушоҳида менамоем, ин гурӯҳҳои экстремистӣ ба ҷавонон маблағҳои калон ва ҳатто ҷойҳои хуби кориро ваъда медиҳанд. Сабаби дигари ба ин гурӯҳҳо шомилшавии ҷавонон дурӯст дарк накардани моҳият ва мазмуни дини мубини ислом мебошад. Омили дигаре, ки ба мафкураи ҷавонони имрӯза таъсири иманфӣ мерасонад, ин наворҳои таблиғотиест, ки тавассути расонаҳои гуногун ва шабакаҳои иҷтимоӣ паҳн карда мешаванд. Солҳои охир ба гурӯҳҳои ифротгароӣ шомил шудани ҷавонони то 30 сола бараъло мушоҳида карда мешавад, аз ҷумла ноболиғони 14 то 18 сола аз соли 2012 то 2016 аз ҳисоботҳои омории СММ аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 1094 нафар ба гурӯҳҳои террористӣ дар Сурия шомиланд, ки 18%-и онҳоро занон ташкил медиҳанд. Дар ДИИШ 154 оилаи тоҷик аст, ки 100 нафар занон ва 162 нафарашонро кӯдакон ташкил медиҳанд.

Бояд хотирнишон сохт, ки бузургони миллати куҳанбунёди мо аз худ меъроси бузурги маънавӣ боқӣ мондаанд, ки саршор аз ғояҳои ватандӯстӣ, инсондӯстӣ, накукорӣ мебошанд. Вақти он расидааст, ки ҷавонон баҳри баланд бардоштани маънавиёти худ вақти бештари худро барои мутолиаи ин мероси бузурги ниёгон сарф намоянд.

Гулов Нурулло- Омӯзгори МТМУ №33-и ноҳияи Ҷ.Балхӣ

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg