БАРОИ ПЕШРАФТ ВА ЗИНДАГИИ ШОИСТАИ МАРДУМ!

СОҲИБИХТИЁРИИ ДАВЛАТӢ БАРОИ ҲАР КИШВАРИ МУСТАҚИЛ ДАСТОВАРДИ МУҲИМ БА ШУМОР МЕРАВАД

АНДЕША. Мо бояд пеш аз ҳама шукронаи соҳибистиқлолӣ, оромӣ ва сулҳу ваҳдати ягонагиро ба ҷо орем, чунки ин неъматҳои арзишмандтарин дар рӯи ҷаҳонанд. Мо бояд ба қадри саъю талошҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти ба даст овардани сулҳу ваҳдат, наҷот додани Тоҷикистон ва миллати дар вартаи нестшавию парокандашавӣ, баргардонидани тамоми шаҳрвандони гурезашудаи ҷанги таҳмилии шахрвандӣ аз кишварҳои хориҷа бахусус аз давлати ба мо ҳамсоя Ҷумҳурии исломии Афғонистон ва дубора ҳаёт бахшидани шаҳрвандони кишвари азизамонро, ки арзиштарини баҳои ҷаҳониро дорад бирасем.

Истиқлолият ва Ваҳдати миллӣ барои миллати шарафманду фарҳангофарини тоҷик беҳтарин неъмати зиндагӣ ва армуғони олии таърих маҳсуб мешавад. Ба қавли Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон: «Мову шумо аз фарози асри бисту як бояд ҳеҷ гоҳ фаромӯш насозем, ки озодӣ ва Истиқлолият муқаддастарин ва волотарин дастоварди миллат буда, саҳифаҳои пурифтихори озодихоҳиву ватанпарастии мардуми мо бо хуни ҳазорон далерону родмардони ватанпарвар навишта шудаанд».

Вале, аз чӣ сабаб аст, ки баъзе аз ҷавонони имрӯзаи мо аз таълиму тарбияи ростӣ ба каҷфаҳмию тундравӣ пайравӣ намуда, фирефтаи гуруҳҳои ифротӣ гардида, ба дигар мазҳабу равия ва ташкилотҳои террористию экстремистӣ шомил шуда истодаанд. Ҳоло ҳам вақту имконият ҳаст, фарзандонро аз роҳи ғайримазҳабӣ баргардонед. Ғаму андуҳи худро дур созед. Ҳеҷ кас намехоҳад барои ҳадафи сиёсии кадом як мутаасиб ё субъектҳои геополитикӣ худкушӣ кунаду даст ба амалҳои террористӣ занад. Маҳз таблиғоти беназорати мазҳабӣ аст, ки ҷавононро бо ваъдаҳои дуруғ ва аз ақл бегона месозанд. Аз ин лиҳоз тамоми ҷомеаро лозим аст, ки дастҷамъона барои таъмини амният ва пешгирии гумроҳшавии ҷавонон ва ба ташкилотҳои террористию экстремистӣ шомил шудани онҳоро дар кишвар таҳти назорат қарор дода, корҳои фаҳмондадиҳиро бештар созад.

Аз рӯи таҳили олимону муҳақиқон омили шомилшавӣ ба гуруҳҳои тундраву террористӣ ин ҷавонони дар муҳоҷирати меҳнатӣ дар хориҷи кишвар қарор дошта мебошанд, ба худ қабул кардани дигар мазҳабҳо ва дини бегона, ваъдаҳои пули калон, таъмини амнияти оила ва ба гумроҳӣ бурдани ҷавонони сустирода ва ба худ ҷалб кардани онҳоро ба ҳар роҳу воситаи дину мазҳаб ва равияҳо аз тариқи интернет мебошад.

Аз ҳар як оила як ё ду нафарӣ дар муҳоҷирати меҳнатӣ мебошанд. Бинобар ин волидайнро зарур аст, ки дар вақти суҳбати телефонӣ бо фарзандони худ аз ободию тинҷӣ ва оромии Ватани хеш ёдовар шаванд. Гаштаю баргашта таъкид намоянд, ки ба ҳеҷ ваҷҳ даст ба корҳои номатлуб назананд. Худро аз ҳар гуна таблиғу гурӯҳҳои тамаъҷӯи дар канор гиранд. Фирефтаи пули калон нашуда, «як бурда нон-роҳати ҷон»-ро ғанимат донанд. Чунки ӯро Ватан, волидайн, оила, фарзандон ва дӯстон интизоранд.

Мо бояд суханони пурҳикмати Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллатро сармашқи кори хеш қарор дода, барои ободии Тоҷикистони азиз бештар саҳми арзандаи худро гузорем: «Мо бояд Ватани худро сидқан ва баробари ҷони хеш дӯст дорем, ватандӯсту меҳанпарасти воқеӣ бошем, шукронаи неъмати бузургтарин ва муқаддаси инсонӣ, яъне соҳибватанӣ ва озодиро ба ҷо орем, барои ҳимояи сарзамини аҷдодӣ ҳамеша омода бошем, ба хотири пешрафту ободии давлати соҳибистиқлоламон ва рӯзгори осудаву ороми ҳар як хонадони кишвари азизамон шабу рӯз заҳмат кашем».

Ғафорова Насима-аъзои фаъоли ТҶҶ «Созандагони Ватан» дар ноҳияи Ҷайҳун

 

Суроғаи мо:

вилояти Хатлон

735140  шаҳри Бохтар

кӯчаи. Айни №47

Бинои маъмурии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон

 

Тамос:

Email: hkhdt_khatlon@mail.ru

Tel: (83222) 2-82-92
Fax: (83222) 2-12-12

 

Саҳифаи Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар вилояти Хатлон дар шабакаи ЮТУБ

afz5_0.jpg